Ваҳдат - мароми модарон
Бо ҳамин ном бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, изҳор намуд, ки ҳадаф аз сафарбаркунии корвони «Модарони ваҳдатсаро», пеш аз ҳама, таҳкими сулҳу оромӣ, боз ҳам муттаҳид намудани халқ буда, ҳадаф пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла пошхӯрии оилаҳо, мебошад.
- Ҳар як зан – бонуи худогоҳу хештаншиносро зарур аст бо шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлол зери ливои сулҳ, фазои орому осудаи Ватани азизамон фазилатҳои неки ин ҷашни бузургро ба ҷо оварда, дар устувории муҳити хонавода, дастгирии қишри ниёзманд ва дар руҳияи ҳамдигарфаҳмиву меҳанпарастӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ тарбия намудани фарзандон нақши хешро устувортар намоянд,- афзуд ӯ.
Зулфия Давлатзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки «имрӯз занону бонувони кишвар барои ободии Ватан, осоиши хонадон, таҳкими боз ҳам бештари сулҳу субот ва пос нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ саҳми арзанда доранд».
Дар фарҷоми конференсия ба як гурӯҳ бонувони фаъоли кишвар сипосномаҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





