https://sadoimardum.tj

Сеюмин форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд

01 июл 2025, 17:01
0

Таҳкими минбаъдаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи таҳсилоти олӣ, таҳсилоти касбӣ ва технологияҳои амалӣ дар Форуми сеюми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ, ки дар маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – «Коргоҳи Лубан»-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ доир шуд, баррасӣ гардид. 

Иштирокчиёни форум вобаста ба татбиқи таҳсилоти дуалӣ, ки дар он таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ ҳамзамон ҷараён мегиранд, табодули назар намуданд. Инчунин, зарурати такмили дарсҳо бо истифода аз таҷҳизоти муосир ва усулҳои интерактивӣ оид ба тағйироти рақамӣ таъкид шуд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади тавсеаи ҳамкорӣ соли 2023 Форуми якуми Тоҷикистону Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ дар шаҳри Душанбе ва форуми дуюм соли 2024 дар шаҳри Тянҷин бо ҷалби коршиносони ду ҷониб баргузор гардида буд.

Г. РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: