Барқияҳои табрикӣ
3-юми июли соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Шурои ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус Кочанова Наталя Ивановна барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Наталя Ивановна,
Шуморо бо ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Беларус самимона табрик мегӯям.
Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Беларус дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва баланд бардоштани некуаҳволии шаҳрвандон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.
Мо ба муносибатҳои дӯстона ва амалие, ки байни кишварҳо ва парламентҳои мо роҳандозӣ гардидаанд, баҳои баланд медиҳем. Итминон дорем, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентӣ ба таҳкими равобити анъанавии гарму эътимодбахши Тоҷикистону Беларус мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо, муҳтарам Наталя Ивановна, саломатии бардавом, дар фаъолияти пурмасъулиятатон муваффақият ва ба мардуми дӯсти Беларус сулҳу осоиш, беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзумандам».
***
5-уми июли соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Симонян Ален Робертович барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Ален Робертович,
Шуморо бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Арманистон самимона табрик мегӯям!
Тоҷикистон ба густариши равобити байнипарламентӣ, аз ҷумла тавассути гурӯҳҳои парламентии дӯстии кишварҳоямон ва таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи неки ҳамсоягӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми ҳамдигар, аҳамияти хос медиҳад.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Ален Робертович, саломатии бардавом, дар фаъолияти парламентиатон муваффақият ва ба халқи дӯсти арман сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».
www.majmilli.tj
Ҳамчунин дигар маводҳо:





