https://sadoimardum.tj

ВМКБ. Афзалият ба корҳои созандагӣ

04 июл 2025, 09:07
0

Дар машварати васеи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масоили рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот нахуст баҳри таҷлили сазовори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар сатҳи баланд баргузор кардани он бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамагон сипосу миннатдорӣ намуд.

Вобаста ба масъалаи аввал муовини раиси ВМКБ Ҳабибулло Амирбекзода зикр намуд, ки ҳадафи амалисозии «Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тарбия ва рушди экологӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ мебошад, ки аллакай аҳолии вилоят моҳияти муносибати дуруст бо боигариҳои табиат, тозагии маҳал ва атрофро дарк намудаанд.

Зимни таҳлили масъала Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, тавзеҳ дод, ки тозагии маҳал аз муҳимтарин масъала ба ҳисоб рафта, боиси сарфарозист, ки дар мулоқоти навбатӣ бо фаъолони вилоят Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи махсус ба тозагии шаҳру ноҳияҳои вилоят додаанд. 

Таъкид гардид, ки давоми се соли охир дар ҳудуди ВМКБ қариб 300 гектар боғҳои мевадиҳанда бунёд шуда, 80 фоизашон нашъунамои хуб доранд ва ин омил метавонад ба баланд рафтани сатҳи маърифати экологии сокинон таъсири мусбат расонад.

Раиси ВМКБ, инчунин, таваҷҷуҳи раисони шаҳру ноҳияҳоро ба пешгирии бурриши дарахтони сабз, тозагии паскучаҳои маркази маъмурии вилоят равона намуда, баҳри дар вазъи хуб нигоҳ доштани партовгоҳҳои беруназшаҳрӣ, минҷумла партовгоҳи мавзеи Ниводак, ба масъулин дастуру супоришҳои иловагӣ дод.

Оид ба масъалаи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030» сардори раёсати тандурустии ВМКБ Додихудо Фаррух Муборакшо баромад кард. Ҳоло дар муассисаҳои табобатию профилактикии вилоят 48 табиби оилавӣ ба кору фаъолият машғул буда, дар ин замина, тадбирҳои дигар низ роҳандозӣ мегарданд.

Баъди таҳлили масъала раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки баҳри пурра бартараф кардани мушкилии норасоии кадрӣ дар ҳар маҳал, шаҳру ноҳия кадрҳои соҳибтахассус аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ, ки дар донишгоҳҳои тибии кишвар таҳсили илм доранд, таъмин карда шаванд. Ҳамзамон, ба масъулини сохторҳои тандурустӣ ва табибон таъкид кард, ҳангоми муносибат бо беморон хушмуомила бошанд ва ҳар як маризро нахуст бо ҳарфу сухани нарм муолиҷа кунанд. 

М. ИМОМНАЗАР, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: