https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Садир Жапаров

09 июл 2025, 16:00
11

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд.

Қабл аз оғози гуфтушунид Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров аз толорҳои зебову барҳавои бинои нави Парламент – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Сипас, меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар Китоби меҳмонони фахрии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соядасти худро гузошт.

Дар оғози мулоқот, нахуст Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаровро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба тавсеаи муколамаи байнипарламентӣ ва ҳамкории амалии Маҷлиси миллӣ бо Жогорку Кенеш таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аз тамоили мусбати рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, талошҳои созандаи Сарони ду давлатро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи равобити ҳасанаи кишварҳо ва мардумони бародари тоҷику қирғиз зикр намуданд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ба имзои санади таърихӣ – Шартнома оид ба сарҳади давлатӣ, ки дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон моҳи марти соли ҷорӣ ба вуқӯъ пайваст, баҳои баланд доданд.

 Зимни суҳбат доираи васеи масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муфассал баррасӣ карда шуд.

Зарурати андешидани тадбирҳои босамар дар доираи Шўрои байниҳукуматӣ ҷиҳати густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва тақвияти ҳамкориҳо дар дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, таъкид гардид.
Ҳарду ҷониб таҳкими алоқаҳоро дар бахшҳои фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ, сайеҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон муҳим шумориданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ барои рушди босифати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ тавассути истифодаи самараноки зарфиятҳои ду кишвар заминаҳои нави мусоид фароҳам хоҳанд овард.

Истифодаи ҳарчи бештари неруи ҳамкориҳои байнипарламентӣ барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои ду кишвар ба манфиати мардумони бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: