Восеъ. Сохтмони иншооти варзиш меафзояд
Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпешаи дар ноҳияи Восеъ 24 майдончаи хурди варзиш бо тарҳи замонавӣ бунёд гардид.
Бино ба иттилои Сомон Орифзода, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, то ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия се ҳавзи шиноварӣ бо шароити замони муосир сохта ба истифода дода мешавад. Инчунин, сохтмони варзишгоҳи замонавӣ барои 20 - 25 ҳазор ҷойи нишаст дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Зикр шуд, ки варзишгарони ноҳия дар панҷ моҳи соли 2025 дар 18 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 27 медал, аз ҷумла 15 - тилло, 5 - нуқра ва 7 – биринҷӣ, гардиданд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321,
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад. 2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
