https://sadoimardum.tj

Пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ тақвият дода мешавад

10 июл 2025, 11:30
0

Аз 9 то 12-уми июли  соли равон бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ доир шуд.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гаржданӣ хабар доданд, дар доираи ин иқдом гурӯҳҳои корӣ бо сокинон, хусусан кӯдакону наврасон ва калонсолоне, ки дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳо ба оббозӣ машғул мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шудааст. Инчунин, мутахассисони соҳа ба онҳо риояи қоидаҳои бехатарӣ, расонидани ёрии аввал ва истифодаи воситаҳои наҷотро омӯзондаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бештари ҳолатҳои ғарқшавӣ бинобар риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, шиноварии кӯдакону наврасон дар ҷойҳои мамнуъ ва беназоратии калонсолон рух медиҳанд.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: