Мақоми ҳафтуми Тоҷикистон миёни 93 кишвар
Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон-2025 аз ҳисоби медалҳо мақоми ҳафтумро миёни 93 кишвар ишғол намуд, ки ин бори аввал дар таърихи ҷудои кишвар мебошад.
Тавре иттилоъ доред, аз 13 то 19-уми июни соли равон дар шаҳри Будапешти кишвари Маҷористон Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон баргузор гардида, дар он 556 варзишгар кишвари олам иштирок карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 9 варзишгар - Меҳрзод Суфиев, Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Абубакр Шеров, Беҳрӯз Хоҷазода -73 кг, Сомон Маҳмадбеков -81 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов ва Темур Раҳимов намояндагӣ карданд.
Аз миёни онҳо Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни 66 кг ба гирифтани медали нуқра, Обид Ҷебов дар вазни 66 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ба гирифтани медалњои биринҷї шарафёб гардиданд.
Қабили қайд аст, ки то мусобиқаи мазкур ҷудокорони Тоҷикистон танҳо ду медали биринҷӣ доштанд, ки онҳоро Расул Боқиев соли 2007 ва Сомон Маҳмадбеков соли 2024 ба даст оварда буданд. Дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон-2025 ҷудокорони тоҷик маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, ин шумораро ба 5 медал расониданд, ки бесобиќа аст.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





