https://sadoimardum.tj

Омодагӣ ба «Помиринвест - 2025» баррасӣ шуд

10 июл 2025, 11:33
1

Дар ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо иштироки муовинони раис ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилоят доир шуд, масъалаи тайёрӣ ба Форуми байналмилали соҳибкорию инвеститсионии "Помиринвест - 2025" мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Вобаста ба масъала муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода изҳор намуд, ки форум дар доираи се панел - муаррифии имкониятҳо ва ҷалби сармояҳои ватанию хориҷӣ ба иқтисодиёти вилоят, ташкили корхонаҳои коркарди сарватҳои зеризаминӣ, муаррифии иқтидор ва рушди имкониятҳои содиротии вилоят мегузарад. 

Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот тавзеҳ дод, ки дар натиҷаи татбиқи муваффақи созишномаҳои форумҳои солҳои пешин баимзорасида корҳои бунёдиву истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳо вусъат пайдо кардаанд. 

Раиси вилоят таваҷҷуҳи масъулинро баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани "Помиринвест - 2025", ҳарчи хубтару натиҷабахш гузаронидани он ҷалб намуда, ҷиҳати  рафъи норасоии ҷузъӣ дар ин самт ба роҳбарони идораҳои дахлдор супоришҳои иловагӣ дод. 

Инчунин, баҳри дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҳангоми ташрифи меҳмонони форум, буду боши сармоягузорону соҳибкорон дар маркази маъмурии вилоят, омода кардани барномаи фарҳангӣ ва дигар масоили мавҷуда ба муовинони соҳавӣ ва роҳбарони идораву муассисаҳои дахлдор дастурҳои зарурӣ дода шуд. 

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: