Имкони мусоид барои мубодилаи таҷриба ва ироаи пешниҳод
Равобити байнипарламентӣ дар фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат мақоми хоса дошта, дар ин раванд, баробари ҳифзи манфиатҳои сиёсию миллӣ ва қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу манфиатҳои кишварҳои ҳамкор низ арҷгузорӣ мешавад. Муҳим он аст, ки тавсеаи ин раванд ба тақвияти бештари сиёсати хориҷии давлатамон мусоидат хоҳад кард. Бинобар ин, дар Маҷлиси намояндагон давоми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум бо 70 кишвари гуногуни ҷаҳон ва 8 созмони байналмилаливу минтақавӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис ёфтааст.
Дар ин давраи фаъолият ҷиҳати таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстона бо парламентҳои давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ вакилони тоҷик ба кишварҳои зиёд сафар карда, дар ин замина, масъалаҳои марбут ба тақвияту густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байнипарламентӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифтанд.
Сафари вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона Хоҷазода, Фирӯз Ғоибфар, Наима Солизода ва Неъматулло Иброҳимзода ба Ҷумҳурии Мардумии Чин идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб мешавад. Ҳадафи сафар, ки аз 14 июли соли равон шурӯъ гардид, иштирок дар семинар барои вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои мубрам, аз ҷумла таъсиси платформа барои табодули таҷриба миёни мақомоти намояндагӣ ва қонунгузори кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар самти идораи давлатӣ, густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ваобаста ба ҳадафҳои СММ, саҳми СҲШ дар идоракунии глобалӣ ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Дар ин замина, ҳамчунин, дурнамои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ ва маҷмуи масъалаҳои дуҷониба, фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, тавсеаи ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои марбут ба самти фаъолият матраҳ гардид.
Илова бар ин, вакилони мамлакатҳои аъзои СҲШ масоили ба равобити байнипарлумониро баррасӣ ва доир ба вазъи кунунии ҷаҳони муосир, зарурати ҳамгироӣ ва мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ андешаҳояшонро баён намуданд.
Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





