https://sadoimardum.tj

Меваҳои шаҳдбору шифобахш талаф меёбанд, чаро?

№:90 (4986) 21 июл 2025, 17:00
0

Чанде пеш дар яке аз деҳаҳои минтақаи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат меҳмон шудем. Ҳангоми вориди ҳавлии дӯстам шудан чашмам ба боғи сар­сабзи паҳлуи ҳавлии онҳо афтид, ки дар он дарахтони ғарқи ҳосили зардолу, себ ва гелос назаррабоӣ мекарданд. Баъд аз анҷоми маърака хостем ин боғи дилкушоро аз наздик тамошо кунем. Соҳибхона низ бо майли том ва самимона моро ба боғ таклиф кард:

- Марҳамат, ҳар чӣ қадар хоҳед, аз ин меваҳо хӯред ва баред.

Вақте вориди боғ шудем, аз дидани манзараи дигаре табъамон хира гашт. Зери дарахтон меваҳои зиёди себу зардолу ва гелос рехта ба ҳолати талафшавӣ расида буданд. Ин ҳолати моро зуд пай бурда, мизбон мухтасар шарҳ дод:

- Шукр, имсол ҳосил хеле фаровон аст. Барои зимистон шарбату мураббо омода кардем, як қисми меваҳоро хушконда истодаем, вале ҳосил фаровон асту талаф меёбад. Имкони ба бозор баровардани онро надорем. 

Ҳамсуҳбати мо, ки шахси хирадманд буд, суҳбатро атрофи мавзуи мавриди назар идома дода гуфт: «Зардолу ба инсон неру мебахшад, қувватбахшу давои бемориҳои дил аст. Дар Тоҷикистон навъҳои зиёди он, ба мисли аҳрорӣ, хурмоӣ, кафак, мирсанҷалӣ, бобоӣ, лоларух, маҳтобӣ, лучак, ҷавпазак, субҳонӣ, қандак, парвариш мешаванд. Ин навъҳо барои хушккунӣ, истеъмол дар ҳолати тару тоза ва консерванамоӣ қулай мебошанд».

Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино хосияти шифобахши зардолу, аз ҷумла зиддиилтиҳобӣ, зиддимикробӣ ва таъсири мусбати онро ба низоми ҳозима таъкид карда, ҳамзамон, ин меваро барои табобати бемориҳои пӯст, меъдаву рӯда ва ғайра тавсия додааст. Ӯ, инчунин, таъкид кардааст, ки зардолу метавонад ба танзими сатҳи қанди хун ва беҳтар шудани ҳозима мусоидат кунад. 

Яке аз дӯстони мо - пири кордида, собиқадори соҳаи маориф, шоир Неъматулло иброз дошт, ки ҳосили боғҳояш имсол низ хеле фаровон асту аз ҳамсоя ва ёру дӯстон хоҳишманд аст, ки ройгон меваҳоро чида баранд. 

- Аммо одамон сер шудаанд, ҳатто меваи ройгонро ҳам ҳавсалаи бурдан надоранд, - бо табассум иброз намуд ӯ.

Дар ин бобат таҷрибаи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қобили дастгирист. Онҳо усули анъанавии хушконидани зардолуро истифода мебаранд ва ҳамзамон, ин ва дигар меваҳоро коркард карда, шарбату мураббо ва дигар навъи маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза истеҳсол менамоянд. Инчунин, меваи хушккардашударо бандубаст карда, бо тамғаи Тоҷикистон ба бозорҳои хориҷа мебароранд. Ин таҷриба мебояд дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ истифода ва ривоҷ дода шавад.

Ба мушоҳида мерасад, ки шаҳру деҳоти Тоҷикистони азизи мо аз файзи соҳибистиқлолӣ хурраму ободтар гардида, дар ҳама ҷо фаровонист. Таи солҳои охир боғу токзор ва киштзорҳои нав ба нав бунёд ёфта, истеҳсоли навъҳои гуногуни меваҷоту сабзавот зиёд шудааст. Ҳатто дар фасли зимистон низ аз бозору мағозаҳо себу нок, анору ангури тару тозаро дастрас кардан мумкин аст. Вале, тавре ишора кардем, ҳар сол меваҳои зиёд талаф меёбанд. 

Чунончӣ, дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ мавсими тут ба охир расида, қисми зиёди ҳосили дарахтони тути ҳавлию боғот рехтаю талаф ёфтанд. Тут низ аз ҷумлаи меваҳои барои инсон манфиатовар маҳсуб меёбад. Дар Бадахшон дар ҶДММ «Тути Помир», воқеъ дар деҳаи дурдасти Сучони ноҳияи Шуғнон, аз меваи тут шоколад тайёр мекунанд. Дар ин бора мо дар рӯзнома матлабе ба нашр расонда будем.

Бинобар гуфтаҳои боло, мо бояд кӯшиш намоем, ки неъматҳои фаровони боғу токзорро самаранок истифода барем. Олимону масъулон бояд дар ин бобат иқдом намоянд ва роҳу усулҳои истифодаи оқилонаи меваю сабзавотро пешниҳод карда, мардумро барои ин кор ҳавасманд созанд. Дар ин робита, бунёди корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот дар шаҳру деҳоти кишвар зарур аст. Дар мавсими пухта расидани ҳосил ин корхонаҳо метавонанд меваю сабзавоти тару тозаро аз мардум бо нархи дастрас харидориву коркард намоянд. Дар натиҷа, талафоти меваю сабзавот кам ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза афзоиш ёфта, вазъи иқтисодиамон беҳтару хубтар мегардад. Маҳсулоти зиёдатиро метавон ба хориҷа содирот кард, ки он низ боиси боз ҳам беҳбуд ёфтани зиндагӣ мегардад. 

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: