Оркестри кӯдакон ва наврасон «Хуни тоза» дар «Шоҳраги мусиқӣ»-и касбии мо
Чанде пеш Оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди нахустин барномаи консертӣ аз зуҳури худ дар фазои фарҳангии кишвар башорат дод. Ин башоратро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиёиён, ҳаводорони мусиқии симфонӣ, ки дар боргоҳи муҳташами фарҳангии кишвар - Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳам омада буданд, бениҳоят хуб пазироӣ намуданд.
Мо - аҳли толор ин шом шоҳиди зебоии ҳунар, пайванди бонафосати шеъру оҳанг, садои мавзуни наврасони боистеъдод ва иҷрои хуби асарҳои симфонӣ гаштем.
Дар доираи барнома 14 асари классикӣ ва муосир манзур гашт. Иҷрои асарҳои дар тамоми дунё машҳури симфонӣ ва дар айни замон мураккаб, ба мисли «Рондо» - оҳанги Волфганг Амадей Мотсарт, «Панҷ асрор» - оҳанги Людвиг Ван Бетховен, «Увертюра» - аз операи «Кармен»-и Ҷорҷ Бизе кори саҳлу сода нест, хоса барои кӯдакону наврасон. Аммо онҳо аз уҳдаи ин кори мушкил ба хубӣ баромаданд.
Дар мусиқии симфонӣ, ки онро маъмулан оркестр иҷро менамояд, як навъ иқтидори оҳанг эҳсос мешавад ва он бағоят таъсирбахш аст. Барои мо ҷолиб ин нукта аст, ки чунин таъсиру иқтидорро насли нави миллатамон, ки ҳанӯз дар ибтидои роҳанд, тавассути созҳои торӣ, чӯбин, нафасии мисин, созҳои зарбӣ ва бисёр ҷузъиёти ба ин навъи ҳунар хос ба вуҷуд оварда тавонистанд. Ин барои мо ғайричашмдошт ва дар айни замон, бағоят хушҳолкунанда буд. Шояд дар иҷрои оҳангу суруд, композитсияи асарҳои иҷрошуда баъзе номавзуниҳое бошанд ё номукаммалии сафи иҷрокунандагон эҳсос шавад, ки пажӯҳишгарони санъати мусиқӣ хубтар дарк менамоянд, аммо ба назари ман заҳмате, ки сарфи ҷустуҷӯ, дарёфт, дар як макон ба ҳам овардани истеъдодҳои тоза ва омода кардани чунин як барномаи консертӣ шудааст, сазовори таҳсин аст.
Таҳияи барномаҳои симфонӣ ва иҷрои сатҳи баланди касбӣ аз сардирижёри оркестр бастагии зиёд дорад. Роҳбарӣ кардан ва ба дунболи худ бурдани дастаи калони мусиқинавозон маҳорати баланд талаб мекунад. Ҳатто як ҳаракати ноҷои дирижёр метавонад дастаи навозандагонро ба иштибоҳ барад, аммо сардирижёри оркестр Бахтовар Давлатов (хатмкардаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов) новобаста аз он ки хеле ҷавон аст, ҳайати оркестрро дуруст роҳнамоӣ кард.
Суруду мусиқӣ ҳамеша ҳамсафари зиндагии инсонҳоанд. Ин ду, дар баробари китобу театр (ва воситаҳои дигар) аз абзори муҳими таъсиррасонӣ ба маънавиёти инсон маҳсуб меёбанд. Аз ин ҷост, ки дар бисёр кишварҳо ба тарбияи мусиқии шаҳрвандон ва иҷрои сурудҳое, ки матни дурусту баланд доранд, аз хурдӣ диққати махсус зоҳир мегардад. Мутаассифона, солҳои охир баъзе «ҷирм»-ҳо фазои мусиқии моро пур кардаю ҷомеаро дар ҳамин руҳия парваришу тарбия мекунанд. Ин дар навбати худ мушкилоти дигар тавлид менамояд, ки мо онро аллакай эҳсос намуда истодаем. Дар чунин вазъият аз худ мужда расондани Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон фоли нек аст. Гувоҳи он аст, ки минбаъд ба саводи мусиқӣ ва иҷрои дурусти суруд аз зинаи поён эътибори ҷиддӣ зоҳир мегардад. Мутмаинем, ба ин восита, зина ба зина дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта муваффақ мегардем.
Шумораи ҳунармандони ин оркестри симфонӣ ҳоло 78 кӯдаку наврасро ташкил медиҳад. Аммо бо далели таваҷҷуҳе, ки имрӯз ба мусиқии касбӣ зоҳир мегардад, оянда ҳайати оркестр аз ҳисоби кӯдакону наврасон бештар хоҳад шуд.
Ҳунармандони оркестр барои мо ошноянд. Наврӯзи Достӣ, Нилуфар Сатторова, Басонат Одинаева, Муҳиба Шокирова, Таманно Баҳромова, Ҳаётҷон Ҳамрохонов ва Раҳмина Мирзоева, ки шеърҳои шоирони маҳбуби ҷумҳуриро зери оҳанги композиторони шинохтаи кишвар Амирбек Мӯсозода, Шуҳрат Ашуров, Фарҳод Зикир, Бахтовар Давлатов, Саидқул Билолов бо маҳорати баланд иҷро намуданд, ҳамагӣ кашфи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» мебошанд. Ҳайати ҳакамони озмун ба истеъдоди онҳо баҳои сазовор дода буданд, вале ин шом боварии мо ба ояндаи неки онҳо, ҷойгоҳи хоса пайдо намудани ҳар кадомашон дар олами зебои ҳунар афзуд. Бори дигар собит гашт, ки ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ самаровар буда, ба хотири фардои босаодати миллат пешбинӣ шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни барномаи консертӣ бо аҳли ҳунар суҳбати озод анҷом дода, ба ҳунару истеъдоди онҳо сано хонданд. Аз ҷумла гуфтанд, ки Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон дар ҳайати кӯдакону наврасони лаёқатманд ба ҳайси захираи кадрҳои академии санъат таъсис дода шуд. Пешвои миллат наврасону ҷавононро ба талоши бештар, эҷоди шеъру оҳангҳои тоза даъват намуданд. Барои интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанги кишвар ба масъулон дастуру тавсияҳои судманд доданд.
Ин шом бори дигар собит гашт, ки мо дар саргаҳи таҳаввули бузурги фарҳангӣ қарор дорем. Ҳунарнамоии сарояндагон ва мутрибони моҳир дар бонуфузтарин толорҳои ҷаҳонӣ, дар сатҳи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ гардидани таъриху тамаддуни тоҷикон, бунёди муассисаҳои наву ҷавобгӯи талаботи давр, доир гардидани рӯзҳои фарҳанги тоҷикон дар кишварҳои дигар ба ин гувоҳи равшан аст. Дар ҷумҳурӣ сохтмони чор қасру театр идома дорад, ки калонтарини он Театри миллӣ дар шаҳри Душанбе мебошад ва ин ҳама оғози кор аст. Оянда шоҳиди дастовардҳои муҳим, балки бузургтари фарҳангӣ хоҳем шуд.
Оркестри симфонӣ дар тамоми ҷаҳон қуллаи баландтарини санъати мусиқӣ-иҷрокунандагӣ ба шумор меравад. Умед дорем Оркестри кӯдакон ва наврасони мо бо талоши созанда ин қуллаи баландтарини санъатро фатҳ менамоянд, тавассути санъати воло миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ мекунанд. Месазад ин рӯйдоди муҳим - таъсиси Оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар «шоҳраги мусиқӣ»-и касбии мо «хуни тоза»-ро мемонад, ба тамоми мардуми кишвар табрик гӯем.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





