https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Ухнаагийн Хурэлсух

№:91 (4987) 25 июл 2025, 18:09
0

24-уми июли соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот намуд. 

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки Маҷлиси намояндагон бо беш аз 70 парлумони кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ дорад ва ҳавасанди густариши робитаҳои байнипарлумонӣ бо ҷониби Муғулистон мебошад.

Изҳори итминон карда шуд, ки санадҳои дар доираи сафари давлатӣ баимзорасида заминаҳои ҳуқуқиро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои ду кишвар тавсеа мебахшанд.

Дар идома ҷонибҳо ба таҳким бахшидани ҳамкории судманди Тоҷикис­тон ва Муғулис­тон изҳори омодагӣ намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба дар фаъолияти қонунгузорӣ ва самтҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ бо Хурали Бузурги Муғулистон тавассути гурӯҳи дӯс­тии байнипарлумонӣ тавсеа бахшида шавад.

Дар ин замина, рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ дар доираи механизмҳои байналмилалии ҳамкорӣ, бахусус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди байнипарлумонӣ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба, муҳим арзёбӣ гардид.

Шариф Атобуллоев,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: