https://sadoimardum.tj

Номаҳои тасаллӣ

№:91 (4987) 25 июл 2025, 18:10
3

25-уми июли соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Ивановна Матвиенко номаи тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Валентина Ивановна,

Хабари ҳалокати одамон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амур боиси андуҳи мо гардид.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, наздикону пайвандони қурбониён, инчунин, ба тамоми мардуми бародари Федератсияи Россия ҳамдардии самимии худро изҳор менамоем.

Мо дар андуҳи талафот шарик буда, суханони дастгириро ба хонаводаҳои қурбониёни фоҷиаи ҳавопаймо мерасонем».

25-уми июли соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳамчунин, ба Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Викторович Володин номаи тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам Вячеслав Викторович,

Хабари ҳалокати одамон дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Амур боиси андуҳи мо гардид.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо, наздикону пайвандони қурбониён, инчунин, ба тамоми мардуми бародари Федератсияи Россия ҳамдардии самимии худро изҳор менамоем.

Мо дар андуҳи талафот шарик буда, суханони дастгириро ба хонаводаҳои қурбониёни фоҷиаи ҳавопаймо мерасонем».

Ҳамчунин дигар маводҳо: