https://sadoimardum.tj

Шарҳи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030»

29 июл 2025, 08:53
0

Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, мақсади он ба фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ, имкониятҳои иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон нигаронида шудааст.

Аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ барои ташкили 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад, аз ҷумла:

- 25 грант ба андозаи 110 ҳазор сомонӣ;

- 25 грант ба андозаи 100 ҳазор сомонӣ;

- 25 грант ба андозаи 90 ҳазор сомонӣ;

- 25 грант ба андозаи 80 ҳазор сомонӣ;

- 25 грант ба андозаи 70 ҳазор сомонӣ;

- 25 грант ба андозаи 60 ҳазор сомонӣ;

- 25 грант ба андозаи 50 ҳазор сомонӣ;

- 25 грант ба андозаи 40 ҳазор сомонӣ.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ дар соли 2024 ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ дар соли 2025 расонида шуданд, яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.

Ҳангоми ҷудо намудани лоиҳаҳои грантӣ ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, занони дорои имконияташон маҳдуд (онҳое, ки аз уҳдаи татбиқи лоиҳа мебароянд) ё барои таъмини шуғлнокии чунин занон равонашуда, занони кӯдаки маъюбдошта, инчунин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди соҳаи касбу ҳунарҳои миллӣ афзалият дода мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки чунин маблағҳои грантӣ аз соли 2006 то инҷониб дар ҳаҷми 30 миллион сомонӣ ба 1 ҳазору 185 нафар занон ҷудо гардида, ба рушди иқтисодии оилаҳо ва фаъолияти соҳибкории занон мусоидат намуд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: