https://sadoimardum.tj

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Ҳамкории Тоҷикистону Япония дар самти хизмати давлатӣ тақвият меёбад

№:93 (4989) 01 авг 2025, 16:07
0

Дар доираи ҳамкориҳо бо Агентии ҳамкории байналмилалии Япония 136 нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикис­тон барои таҳсил ба магис­тратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шудаанд. Аз ин теъдод 105 нафар магистратураи донишгоҳҳои ин кишварро хатм намуда, 41 нафар аз мансаби то таҳсил ишғолнамуда аз 1 то 6-ум   категория боло фаъолият доранд. 

Дар ин бора 21-уми июли соли равон Идрисзода Илёс Мумин, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. 

- Айни замон таҳсили 31 нафар (30 нафар дар магистратура ва 1 нафар дар докторантура) идома дошта, ба замми ин, 15 нафар моҳи августи соли 2025 барои таҳсил ба донишгоҳҳои Япония фиристода мешаванд, - илова намуд директори агентии мазкур.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: