Дар Ҳисор истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 106,9 фоизро ташкил дод
Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни нишасти матбуотӣ 5 августи соли равон ба хабарнигорон иттилоъ дод, то имрӯз аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 1127 ададаш ба истифода дода шуд.
Зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2025 нақшаи қисми даромади буҷет ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105 фоиз ё 186,642 миллион сомонӣ иҷро гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 6 корхонаҳои нави саноатии хурду миёна ба фаъолият оғоз намуда, 170 нафар сокинони шаҳр бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Аз ҳисоби 104 корхонаҳои фаъолиятдоштаи шаҳр суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 106,9 фоизро ташкил дода, ҳамчунин, баҳри татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар корхонаи ҶДММ «Тоҷ Зарин Голд» ва корхонаи дӯзандагиии «Шарофат» ба кор дароварда шудааст.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





