https://sadoimardum.tj

Дар 6 моҳ 82 ҳолати қонунвайронкунӣ дар истифодаи замин

13 авг 2025, 09:32
0

- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар давраи ҳисоботӣ таваҷҷуҳи бештари худро ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ва самараноку мақсаднок истифодабарии маблағҳо равона намуд.

Дар шашмоҳаи аввали соли 2026 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 100,6 фоиз таъмин ва ба буҷет 187 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, 188 миллиону 847 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 90 фоизи нақшаи нимсолаи аввали соли 2025 мебошад. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ 4 коргоҳи нави саноатӣ ҳамчун ҶДММ ташкил гардида, 1184 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки аз он 43,6 фоиз ҷои кори доимӣ мебошад, - - гуфт Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳр 4 августи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.  

Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 82 ҳолати қонунвайронкунӣ дар истифодаи замин ошкор гардид ва қонунвайронкунандагон ба маблағи 64,7 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд. Инчунин, барои додани баҳои ҳуқуқӣ 10 мавод ба прокуратура ва барои рӯёндани ҷарима 6 маводи ҳуқуқвайронкунӣ барои рӯёнидани ҷарима ба суди шаҳр пешниҳод гардидааст.  

Дар давраи ҳисоботӣ ба минтақаҳои истироҳатӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ваҳдат 21247 сайёҳ ташриф овардааст, ки 220 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд. 

Муҳаммад ЗОКИР, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: