Содироти се ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар Шаҳринав
Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода зимни нишасти матбуотӣ 4-уми августи соли равон изҳор дошт, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъият ва иҷрои талаботҳои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷиикистон барои солҳои 2020-2025» дар 7 муассисаи томактабии ноҳия 809 нафар кӯдак ва дар назди 48 муассисаи таълимии ноҳия 73 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамояд, ки дар он 1780 нафар кӯдаки синни 5-6 сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Иҷрои барномаи амалкунанда дар мавриди бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шаҳринав 21,8 фоизро ташкил медиҳад.
Айни замон шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия 30 адад мебошад, ки дар давраи ҳисоботӣ 6 адади ин корхонаҳо бо сабабҳои гуногун фаъолият накарданд. Ду адад корхонаи саноатӣ барҳам дода шуда, як корхонаи саноатӣ намуди фаъолияти худро дигар намуддааст.
Инчунин дар ин давра ду корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 6 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд, ки яке аз он ба истеҳсоли набот ва дигари ба истеҳсоли мебел равона карда шудааст.
Тавре дар нишасти маубуотӣ иброз гардид соли равон кишоварзони ноҳия маҷмӯи маҳсулоти кишоварзиро ба 265 миллиону292 ҳазор сомонӣ расониданд, ки 100,1 фоизи нақша мебошад. Дар ин давра 11 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладонагӣ, 2816 картошка, 10 ҳазору 693 тонна сабзавот, 6532 тонна меваҷот, 2816 тонна хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол ва зиёда аз се ҳазор тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ содирот гардидааст.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





