АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
14147 ҳолати вайронкунии қоидаҳои молиявӣ муайян гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода ҳафтуми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳо 71 чорабинии аудиторӣ гузаронида, дар 14147 ҳолат вайронкунии қоидаҳои молиявиро ба маблағи умумии 628,2 миллион сомонӣ муайян намуд.
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохторҳои он 5,8 миллион сомонӣ, Агентии таъминоти амволи махсус ва сохторҳои он 5,3 миллион сомонӣ, раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм 482,2 ҳазор сомонӣ, Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов 118, 3 ҳазор сомонӣ ба камбудию норасоиҳои молиявӣ роҳ дода шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои аудиторӣ вобаста ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ барои соли 2024 дар муносибат ба фаъолияти чанд корхона ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба маблағи 24,0 миллион сомонӣ вайронкунии қоидаҳои молиявӣ муайян ва барқарор карда шуд.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва марказҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ 24 хулоса ва мактубҳои иттилоотӣ бо 493 тавсия ирсол карда шуда, аз баррасии онҳо 24 қарору фармонҳо қабул гардид. Дар натиҷаи роҳ додан ба камбудиҳо 168 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашида шудаанд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





