АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
Ҷудошавии оилаҳо кам шудааст
Бекоршавии ақди никоҳ миёни оилаҳо коҳиш ёфта, дар шаш моҳи соли равон дар кишвар 4 ҳазору 117 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 291 ҳолат кам аст.
Тавре раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода якуми августи соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, дар пайи бекор гардидани ақди никоҳ дар ин давра 3 ҳазору 532 кӯдаки ноболиғ дар тарбияи яке аз волидон мондаанд, ки ин шумора нисбати ҳамин давраи соли пешин 402 адад кам мебошад.
Номбурда сабаби коҳиш ёфтани бекоршавии ақди никоҳро дар тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни занон ва суҳбатҳои инфиродӣ бо усули «маҳал ба маҳал», «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «мактаб ба мактаб» арзёбӣ намуд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





