https://sadoimardum.tj

18 август - Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Нобиғаи нотакрор

№:95 (4991), 13 авг 2025, 17:11
0

18-уми август рӯзи ба дунё омадани донишманди барҷастаи тоҷик, табиби ҳозиқ Абуалӣ ибни Сино мебошад, ки ҳар сол дар Тоҷикистон ин сана чун Рӯзи кормандони соҳаи тиб низ таҷлил мегардад. 

Нобиғаи Шарқ Абуалӣ ибни Сино дар ҷаҳон чун энсиклопедист машҳур аст. Дар рушди илми тиб саҳми муниру мондагор дорад. Соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздики Бухоро таваллуд шуда, то 15-солагӣ илмҳои табиӣ, илоҳиёт, фалсафа, нуҷум, мусиқӣ, ҳандаса ва риёзиро мустақилона омӯхтааст. Дар 16-солагӣ ба омӯзиш ва таҳқиқи тиб машғул мешавад. Устоди роҳнамои ӯ дар ин ҷода табиби дарбори Нуҳ ибни Мансур - Абумансур Ҳасан Камарии Бухороӣ буд.

Сино ҳанӯз дар синни ҷавонӣ чун табиби ҳозиқ дар Бухоро машҳур шуд. Ҳанӯз ҳангоми дар ҳаёт будан ҳамзамононаш Абуалӣ ибни Синоро ҳамчун табиб ва мутафаккири бузург эътироф карда буданд, ки ин мартаба на ба ҳар олиму донишманд муяссар мегардад ва унвони фахрии «Шайх-ур-раис» (мураббии олимон) низ ба ӯ дар замони зинда будан дода шудааст. 

Осори Сино ниҳоят зиёд аст. Муҳаққиқони муосир осори ӯро 456 -то шумурдаанд. Имрӯз дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешаванд, ки 23-тои он бо забони модарии донишманд, яъне бо забони тоҷикӣ, эҷод шудааст.

 Ба ғайр аз осори илмӣ як силсила шеърҳои Сино низ то замони мо омада расидаанд, ки бо забони тоҷикӣ иншо шудаанд. 

Осори ибни Сино аз ҷиҳати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилдаро ташкил медиҳанд. «Китобу-л-инсоф» дар 20 ҷилд, «Алҳосил в-ал-маҳсул» - 20, «Китобу-ш-шифо» - 18, «Лисону-л-араб» - 10, «Наҷот» - 3 ва «Ал-Қонун-фи-т-тиб» дар 5 китоб таълиф шудаанд. Кулли осори ӯ арзиши баланди таърихӣ, маданӣ ва илмӣ доранд. Аз ҷумла, китоби «Ал-Қонун-фи-т-тиб», ки ба забони арабӣ таълиф шудааст, то кунун ба забонҳои гуногуни дунё, аз ҷумла лотинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, англисӣ, ибрӣ, форсӣ ва урду, тарҷума шудааст.

Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини мероси тиббии Сино таълимот дар бораи пешгирии бемориҳо мебошад. Дар «Ал-Қонун -­фи-т-тиб» ва дигар рисолаҳояш ӯ ба тандурустии инсон, тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст. Ибни Сино таъсири муҳити зист, обу ҳаво, ғизо ва тарзи зиндагиро дар пайдоиши бемориҳо таҳлил намуда, табобати пешгирикунандаро вазифаи аввалиндараҷаи табиб медонад. Ӯ ба риояи реҷаи хӯрок, хоб, ҳаракат ва тозагӣ аҳамияти махсус медиҳад, ки имрӯз дар асоси илмҳои эпидемиология ва тандурустии ҷамъиятӣ тасдиқ шудаанд. «Табиб, пеш аз он ки беморӣ зуҳур кунад, шароити саломатии шахсро таҳлил намояд ва бо тадбирҳои дуруст роҳҳои пайдоиши бемориро масдуд созад», - омадааст дар «Ал-Қонун-фи-т-тиб». Ин андешаҳо далели он аст, ки Сино на танҳо табиби замони худ, балки пешгӯикунандаи дурнамои илми тиб низ будааст.

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 апрели соли 2006 дар назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳо «Маркази синошиносӣ» таъсис ёфт. Вазифаи он таҳқиқи амиқи осори Сино, тарҷумаи онҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, инчунин, тарғиби донишҳои фалсафӣ ва илмии ӯ дар ҷомеа мебошад.

Ба ифтихори ин шахсияти бузург, инчунин, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон номи Абуалӣ ибни Синоро гирифта, имрӯз яке аз марказҳои пешқадами таҳсилоти олии тиббӣ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. 

Дар маҷмуъ, осори бадеӣ, фалсафӣ ва тиббии Шайхурраис гувоҳи он аст, ки гиромидошти инсон ва эҳтироми ғояҳои башардӯстӣ меҳвари рӯзгор ва фаъолияти касбии ин шахсияти барҷастаро ташкил медиҳанд.

Таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки дар рӯзи таваллуди ин нобиғаи тоҷик муқаррар шудааст, на танҳо арҷгузорӣ ба шахсияти таърихӣ, балки ташвиқи насли нав ба омӯзиш, таҳқиқ ва эҳтироми мероси илмии гузаштагон мебошад, ки ҳар­оина боиси ифтихор аст.

Меҳринисо АББОСОВА,

корманди хурди илмии Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: