Ситораи тобоне дар уфуқи тираи Бухоро
Аҳмад ибни Носир Сиддиқии Бухороӣ, ки бо ном ва лақабҳои Аҳмади Дониш, Аҳмад-махдуми Дониш ва Аҳмади Калла машҳур аст, дар соли 1827 дар шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. Донишмандону муҳаққиқон ва касоне, ки зиндагӣ ва осори Аҳмад-махдуми Донишро таҳқиқ карданд, ӯро мутафаккири бузург, адиби забардаст, сиёсатмадори номӣ, мунаҷҷими варзида, муҳандиси мумтоз, наққоши моҳир, рассом ва хаттоти чирадаст, мусиқишиноси тавоно, табиби ҳозиқ ва ғайра муаррифӣ кардаанд. Ба ибораи дигар, ӯ аз тамоми илмҳои даврони худ воқиф будааст ва ба қавли устод Садриддин Айнӣ, «дар уфуқи тираи аморати Бухоро ситораи тобон» шинохта мешуд.
Дар Бухорои даврони Аҳмади Дониш беадолатӣ ба дараҷаи аъло расида, қашшоқию гуруснагӣ, ҷаҳолат, беинсофии амалдорон ва руҳониён мардумро ба танг оварда буд. Дин ва намояндагони он дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии аморат нақши бузург доштанд. Ба тамоми разолату беадолатии амир ва наздиконаш маҳз ходимони динӣ аз нигоҳи шариат либоси шаръӣ (қонунӣ) мепӯшониданд ва дар татбиқи иртиҷоитарин чораҳои амир ва амалдорони ӯ шарик ва такягоҳи таассуби онҳо буданд.
Аҳмади Дониш дар осори худ, аз ҷумла «Наводир-ул вақоеъ», ҳамин шароитро муфассал инъикос намуда, роҳи ислоҳоти низоми ҳукуматдориро бо назардошти дониш ва таҷрибаи андӯхтааш ва дар муқоиса бо дигар кишварҳои мутараққӣ пешниҳод кардааст. Таҳлили «Наводир-ул-вақоеъ» нишон медиҳад, ки дар он масъалаҳои муҳими замон, аз қабили танқиди сахти кирдор, аъмоли амир ва амалдорони ӯ, тарғиби ислоҳоти низоми аморати Бухоро, танқиди муҳити ақибмондаи мамлакат, зиндагии тоқатфарсои мардум, кӯшиши ислоҳи низоми давлатӣ, ба сӯи тамаддуну тараққиёти замонавӣ кашидани мамлакат, сабук кардани аҳволи табақаи заҳматкаш ва масъалаҳои дигари иҷтимоӣ инъикос гардидаанд. Дар рисолаи «Дар васоёи фарзандон ва баёни ҳақиқати касбу пешаҳо»-и ин китоб, ки дар тавсифи ақидаҳои иҷтимоии вай аҳамияти махсус дорад, дар бораи фазилат ва нуқсони ҳар як касб муфассал суҳбат мекунад. Аҳмади Дониш ба ҳар як пеша аз нуктаи назари ба эҳтиёҷи халқ чӣ қадар нафъ доштан баҳо медод, вай фақат ба ҷиҳати дунявии ин ё он касб кордор буд. Аз ин ҷиҳат, дар шароити таассуб ва ҷаҳолати Бухорои онрӯза ҳамчун тарғибкунандаи илмҳои дунявӣ маҳсуб мешавад.
Ӯ дар насиҳат ба фарзандони худ тавсия медиҳад: илмҳоеро омӯхтан лозим ва касберо интихоб кардан зарур аст, ки ба манфиати мардум бошанд. Ӯ менависад: «Ва ҳар пешае, ки мубошир мешавед, аввалан манофеи онро баршумуред, ки барои чӣ мекунед? Ва ғарази шумо аз он ҳирфат (касб) нон ва таҳсили танаъъум (неъмат) набувад, ки он биттабъ ҳосилшаванда аст. Ва дар андӯхтани улуму фунун қазои ҳавоиҷи мусулмонон ва абнои ҷинсатон малҳуз бошад. Масалан, ҳадаф дар фурӯхтани карбос пӯшонидани бараҳнагон ва дар нон – серии гуруснагон ва мусофирон ва дар байъи ҳалво – ширин кардани даҳони атфол ва талхкомон» бояд бошад. Аҳмади Дониш илова мекунад, ки ҳатто дар таҳсили улуми динӣ низ «ғараз (мақсад)-и шумо таҳсили ҷоҳу мансаб ва тақарруб (наздик сохтан)-и умарову ҳукком набошад, балки ғараз рафъи эҳтиёҷи халқ бошад».
Аҳмади Дониш, бахусус, шеваи таълиму тадрисро дар мадрасаҳои динии Бухоро зери тозиёнаи танқид гирифта навиштааст, ки таҳсили мадраса аз ҳаёт дур буда, ба халқ нафъе расонда наметавонад. Ӯ ҳатто фоидаи ҳифзи Қуръонро намедид ва дар ҳифзи он ҳам душворӣ мекашид. «Дар ниҳояти кор, - мегӯяд Аҳмади Дониш, - ҳофизи Қуръон як муаллими атфол (кӯдакон) мешавад» ва ӯ аҳволи муаллимону хатибу имомонро мушоҳида мекард.
Бинобар гуфтаҳои худи Аҳмади Дониш, ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ натавонист Қуръонро ҳифз кунад ва дар се сол бо машаққати зиёд Қуръонро хатм кард, аммо онро фаромӯш мекард ва шавқе ҳам барои ҳифзи он надошт ва ин аҳвол ҳатто ӯро қариб буд ба бистари беморӣ кашад. Падар ва муаллими Дониш маҷбур шуданд ӯро аз ин ранҷ озод созанд. «Маро, - менависад Аҳмади Дониш, - барои чӣ дар он кор доштаанд, ки самара ғавғои атфол ва ҳосил ва натиҷа зарбу шатм ва қайди хурдсол бошад?». Аҳмади Дониш ба ҳар сурат мадрасаро хатм кард, вале мударрис нашуд ва пешаи котибиро интихоб намуд.
Аҳмади Дониш, бахусус, ба омӯзиши таърих шавқи зиёд дошт ва мегӯяд «ҳамин ки аз мадраса берун мешудам, дар маъракаи таъриххонон ҳозир мешудам… агар маро дар хона гум кунанд, аз маъракаи қиссахонон меёфтанд».
Ҷасорати Аҳмади Дониш ва ба илму касбҳои дунявӣ машғул шудани ӯ дар он инъикос меёбад, ки бо вуҷуди он ки дар Бухорои он замон кашидани расми ҷонвар ва ё инсон куфр ҳисобида мешуд ва барои анҷом додани ин гуна амал як мусулмон ҳатто ба куштан ҳукм мешуд, ӯ шуғли рассомӣ ҳам дошт. Устод Садриддин Айнӣ навиштааст, ки боре як расми мазҳакаомези Аҳмади Донишро дида ҳайрон шудааст. Дар ин лавҳа расми Мирзо Анвар ном кӯкнорӣ, ки чанде дар Бухоро миршаб будааст, тасвир ёфтааст.
Бо ҳама гирифториҳои дигар Аҳмади Дониш ба илми нуҷум (ситорашиносӣ) шавқи зиёд дошт. Ӯ асбобҳои саҳеҳи мушоҳидакунӣ дар ихтиёри худ надошт, вале бо вуҷуди он ба воситаи он асбобҳое, ки дастрас буд, ба омӯхтани қонунҳои ҳаракати Офтоб, Моҳ ва Замин машғул шуд. Ба гуфтаи ситорашиноси тоҷик А. Қаҳҳоров, «Аҳмади Дониш ба омӯхтани сабабҳои ҳодисаҳои аҷоиби табиат – гирифтани Офтобу Моҳ машғул мешавад. Ӯ аз рӯи мушоҳидаҳои гузаронидааш сабабҳои асосии ин ҳодисаро дониста мегирад ва ба пешгӯӣ кардани он ноил мегардад». Ба гуфтаи ҳамин муҳаққиқ, Аҳмади Дониш гирифтани Офтоб ва Моҳро чунон саҳеҳ муайян кардааст, ки ҳатто дар куҷо, дар кадом вақт, дар кадом соату дақиқа ба вуҷуд омадани ин ҳодисаро барои якчанд солҳо пешгӯӣ мекард.
Аҳмади Дониш ба омӯхтани ҳаракати дигар сайёраҳо - Аторуд, Зуҳра, Миррих, Муштарӣ, Зуҳал ва ғайра низ аҳамияти махсус дода, нақшаи роҳҳои ҳаракати онҳоро тартиб додааст.
Аҳмади Дониш чандин бор дар ҳайати аморати Бухоро ба Петербург сафар кардааст ва ҳангоми сафарҳояш дар бораи дастовардҳои олимони рус дар соҳаи ситорашиносӣ бо кунҷковии махсус таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо онҳо дар ин замина баҳс мекардааст. Яке аз дӯстонаш бо номи Стремоухов ба ӯ ду глобус, яке глобуси кураи Замин ва дигаре глобуси кураи Осмонро туҳфа кардааст.
Аҳмади Дониш доир ба астрономия чанд асар таълиф намудааст, аммо имрӯз танҳо ду китоби ӯ дар дасти муҳаққиқон қарор дорад. Яке бо номи «Манозир-ул-кавокиб» («Манзараҳои ситорагон») ва дигаре «Рисола фӣ аъмол-ул-кура» («Рисола дар бораи амалҳои кура»).
Аҳмади Дониш дар таркиби «Наводир-ул-вақоеъ» рисолае дорад бо номи «Дар назми тамаддун ва таовун», ки дар он ба масъалаҳои ислоҳоти умури давлатдорӣ, масоили адлу баробарӣ, вазоифи подшоҳ ва низоми роҳбарии ӯ ба раият ва бисёр масъалаҳои дигар дахл намудааст. Аҳмади Дониш, азбаски дунёдида буд ва аз вазъияти давлату давлатдории дигар кишварҳо то ҷое бохабар буд, мехост бо назардошти таҷрибаи дигар кишварҳо дар умури ҳукуматдории Бухоро ҳам ислоҳот ҷорӣ шавад. Ӯ, масалан, дар таассуроте, ки аз сафарҳо ба Петербург доштааст, дар бораи расму анъанаҳои дарборӣ, ҷашнҳо, сохтмонҳои азиму фаввораҳои шаҳр ва ғайра бо як ҳарорати хос нақл мекунад. Ӯ боре аз амир Музаффар дархост намуда буд, ки (барнома)-и ислоҳоти ӯро қабул намояд ва ё ӯро аз дарбор истеъфо диҳад. Аммо амир Музаффар ин таклифи Аҳмади Донишро қабул накард ва ӯ «Наводир-ул - вақоеъ»-ро таълиф намуд, ки дар он усули низоми ҳукуматдорӣ баён гардидааст. Албатта, пеш аз навиштани ин китоб ҳам ақидаҳояшро ошкоро ба амир иброз менамуд ва маслиҳат медод, ки амалдорони бедодгарро ҷазо диҳад. Аммо ин маслиҳати ӯро касе гӯш намекард ва гузашта аз ин, ӯро масхара мекарданд. Пас аз таълифи «Наводир-ул-вақоеъ» ӯро кофир номиданд. Бо вуҷуди таҳдиду хатарҳо ба ҷонаш, ӯ кори маорифпарварӣ ва ислоҳотхоҳии худро идома медод. Рисолаи «Дар назми тамаддун ва таовун» барномаи ислоҳоти низоми ҳукуматдорӣ дар аморати Бухоро мебошад. Аҳмади Дониш ин ҷо ҳамчун сиёсатмадор ва олими дунявӣ баромад мекунад. Ақидаҳо ва нақшаи ислоҳоти пешниҳоднамудаи Аҳмади Дониш дар он шароити ҳукмронии таассуби сахти динӣ, бедодгарии амир ва навкаронаш, беқонунию беадолатӣ навоварии муҳим ва ақидаи пешқадам маҳсуб меёфт. Ӯ даҳ шартро пешниҳод мекунад, ки бояд амир онҳоро барои барқарории адолат риоя намояд. Масалан, менависад, ки дар ҳар воқеае, ки раият пеши ҳоким муроҷиат мекунад, амир худро аз ҷумлаи раият тасаввур кунад ва дигарро ба худ ҳоким донад, дар ҳукм кардан ва сухан гуфтан дуруштӣ накунад, дар муносибат ба такаббур роҳ надиҳад ва аз эҳсону шафқат кор бигирад ва ғайра.
Аҳмади Дониш дар бораи фазилати ваҳдату якдилӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна ихтилофу низоъ, хавфи ноамнӣ ба амир маслиҳату тавсияҳои муфиду хуб додааст, ки қобили таваҷҷуҳанд. Ӯ менависад: «Роҳи мардумонро аз хавфи роҳзанону дуздон ба сатват (қувват)-и сиёсат эмин дорад. Ва ҳар ки дар роҳе ба изову тааддӣ (азияту озор) мутаарриз (дучори ҳамла)-и мардуме шудааст, ба наколу уқубат (ҳукму ҷазо) ӯро ибрати дигарон гардонад ва дар мамлакат ҳар ҷо ки маҳали хавф бувад, агар имкони иморат бувад, иморат кунад ё нигаҳбон гузорад».
Аҳмади Дониш ҷаҳонбиниву мушоҳидаҳои худро аз рушду тараққии кишварҳои пешрафта бо сароҳат ба аҳли замона арза менамуд. Чунончӣ, ӯ хабар медиҳад, ки дар аксари давлатҳои ҷаҳон расме ҷорист, ки дар ҳарду фарсах роҳ аспҳои подшоҳӣ (ё давлатӣ)-ро барои истифодаи кирояи мусофирон нигоҳ медоранд, то ки мусофирон аз он бетаваққуф истифода намоянд. Ё менависад, ки «дар кӯчаҳо аз ду тараф дарахтони сабз шинонданд, то мардум ба соя гузаранд». Аҳмади Дониш пешниҳод карда буд, ки аз рӯйи таҷрибаи ҳамон кишварҳои хориҷӣ роҳҳо бояд аломатгузорӣ карда шаванд «ва фаросих (фарсахҳо)-и масофат дар онҳо муайян карда, то ҳар касе бидонад, ки аз роҳ чӣ рафта ва ба манзил чӣ монда».
Ҳамин тавр, Аҳмади Дониш дар ҳамон муҳити тираву тор ва хурофотии аморати Бухоро кӯшиш намудааст бо андешаҳои дунявӣ ва аз мавқеи дунёмадорӣ мушкилоти ҷиддии иҷтимоии ҷомеаро ҳал кунад. Ӯ ба ин мақсад барномаи мушаххаси ислоҳотро таҳия ва ба амир пешниҳод намуда, фаъолияти маорифпарварию ислоҳотхоҳии худро идома медод.
Қосимшо ИСКАНДАРОВ,
доктори илмҳои таърих, профессор
Ҳамчунин дигар маводҳо:
