https://sadoimardum.tj

Боздиди кории Файзалӣ Идизода аз ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод

№:95 (4991), 13 авг 2025, 18:03
0

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рух дода буд ва ҷараёни корҳои созандагӣ, ободонӣ, сохтмонӣ, бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба ин ноҳияҳо сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни сафари корӣ Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода бо сокинони деҳоти Ҳиҷборак, Зарангак, деҳоти Аскалон, Сафедтундак ва Гулхании ноҳияи Рашт ва деҳоти Лангари Шоҳ, маҳаллаи навбунёд, Кӯли калон ва Бӯстони ноҳияи Тоҷик­обод суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд. 

Таъкид шуд, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани кумак ба мардуми зарардида таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, хонаҳои вайроншуда бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби соҳибкорону дигар шахсони ватандӯст сохта то Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки то имрӯз аксари зарардидагон аз сиёсати созанда ва инсондӯс­тонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд ва бо хонаҳои истиқоматии замонавӣ таъмин гардидаанд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: