https://sadoimardum.tj

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Афзоиши ҷинояткорӣ дар 6 моҳ – 1285 ҳолат

№:96 (4992), 18 авг 2025, 17:20
0

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7-уми августи соли равон  зимни нишасти хабарӣ изҳори нигаронӣ кард, ки дар шаш моҳи соли 2025 дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 89 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, нисбати соли гузашта 1 ҳазору 285 ҳолат бештар аст.

- Дар ин давра одамкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони одамон - 28, роҳзанӣ - 20, ғоратгарӣ - 57, таҷовуз ба номус - 24, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ - 64, авбошӣ - 762, қаллобӣ - 2356, дуздӣ - 2182, тамаъҷӯӣ - 33 ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 486 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудааст, - гуфт вазир. 

Ҳамчунин, зикр гардид, ки бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 нафар ҳалок ва 224 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 43 ҳолат зиёд аст. Сабаби зиёдшавии садамаҳои нақлиётӣ беназоратии ҳаракат дар роҳ ва бо суръати баланд рондани нақлиёт арзёбӣ гардид.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: