Рамзи қудрати миллат
Инсоният аз оғози таърих то имрӯз бисту як тамаддуни ҷаҳониро аз сар гузаронида, ки ҳафттояш то кунун нуфуз доранд. Тамаддуни ориёӣ, ки мо, тоҷикон, яке аз меросдорони асили он маҳсуб мешавем, барои миллати мо дар арсаи вуҷуд, пайдоишу ташаккули нахустин оинҳои давлатдорӣ, дини яктопарастӣ, рушди фарҳангу арзишҳои миллӣ, худшиносию ҷаҳоншиносӣ таъсири бузург дорад. Дар сари гаҳвораи тамаддуни ориёӣ қарор доштани силсилаи давлатдориҳои Каёниён, Ҳахоманишиён, Ашкониён, Кӯшониён, Сосониён ва Сомониён ҷавҳари тамаддуни ориёиро пойдор нигоҳ дошт.
Агар роҳи сангину пур аз тазод ва муборизаҳои миллати тоҷикро дар чанд ҷумла хулоса намоем, давлатдории Пешдодиён то Сомониён, аз Сомониён то Аморати Бухоро, аз Аморати Бухоро то ташкили Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ ва, ниҳоят, эълон шудани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи давлатдории миллӣ пеши назар ҷилвагар мегардад. Дар миёни ин се зинаи таърихӣ инкишофи давлату давлатдорӣ, фарҳанги оламшумул, низоми ташаккулёфтаи девондорию идоракунӣ, суннат ва забони шевою осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавие, ки умумибашарӣ гаштаанд, моро ҳамчун яке аз қадимтарин миллати тамаддунофар дар ҷаҳон муаррифӣ менамоянд.
Давлатдории мо дар масири таърихи башар соҳиби оинҳои хоси худ ва рукнҳое, чун ниҳоди сиёсӣ, умумияти забонӣ, марзию фарҳангӣ, девон ва рамзҳое, чун ливо ва нишон буд. Дар масири таърих бо тохтутози аҷнабиён борҳо миллати мо дучори парокандагӣ шудааст. Парчамаш гоҳе афрохтаю гоҳе бо хуни худаш олуда гаштааст, аммо ҳамон замон ба майдон чеҳраҳои мондагори сиёсӣ, сипаҳсолорони тавоно, ҳокимон ва ҳакимоне меомаданд, ки масири наҷотро мекушоданду миллат аз нестӣ раҳо меёфт.
Пас аз давлатдории Сомониён тоҷик боз ба вартаи ошӯбҳо - низоъи дохилӣ, ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, вале Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ баргузор гашта, мардуми азияткашидаю хаста Сарвари худро дарёфт.
Аввалин амале, ки Сарвари нав - Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом доданд, баромадан ба саҳни толор ва бӯсидани Парчами давлатӣ буд. Ҳамин тавр, саҳифаҳои таърихи навини давлатдории мо бо навсозии сохтори давлатӣ, низоми давлатдорӣ, муназзам намудани набзи ҷомеа бо гузоштани заминаи ҳуқуқӣ, тасвиби бесобиқаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз нав ба кор даровардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, ба мардуми кишвар додани замин барои кишти ғалладона ва сохтмони манзили истиқоматӣ, роҳандозии барномаҳои давлатӣ дар ҳама самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ бо ислоҳоти соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа, корҳои дохилӣ ва Артиши миллӣ оғоз гардид.
Заҳматҳои кашидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба истиқлолияти комил, давлати соҳибихтиёр, ягона, демократӣ, дунявӣ, дорои иқтисоди миллии рӯ ба рушд самар дод. Кишварамон бо шинохти симои Пешвои миллат дар майдони сиёсати ҷаҳон ба ҷойгоҳ ва мақоми бузург ноил гашт.
Нишон ва Парчам - ду рамзи муҳими давлатдориамон дар шаҳри Душанбе яке бо баландии 45 ва дигаре бар фарози 165 метр қомат афрохтаву парафшон гашт. Суруди Миллӣ эҷод ва ҳамсадои дили мардуми сарбаландамон шуд.
Агар бузургии ҳар як инсон дар ақлу идрок ва арзишҳои андӯхтаи маънавию фарҳангиаш бошад, бузургӣ ва тавоноии миллатҳоро дар марзи муайян Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди Миллӣ ифода менамоянд.
Рамзе, ки дар арсаи байналмилалӣ дар самтҳои сиёсат, фарҳанг, иқтисод, варзиш ин ё он миллатро муаррифӣ менамояд, ин, бешак, парчами ҳамон давлат аст. 300 миллати дунё даҳсолаҳост орзу доранд, дар пештоқи СММ парчамашон чун рамзи қудрат ва асолати миллиашон парфишон бошад ва ҳувияти онҳоро ҳамчун давлат мушаххас намояд.
Дар ҷаҳони имрӯз зиёда аз 2000 қавму миллат арзи вуҷуд доранд, ки нуфуси танҳо даҳтои онҳо аз 20 то 200 миллион аст, вале онҳо давлати худро надоранд ва рамзҳои давлатиро низ соҳиб нестанд, ҳарчанд соҳиби тамаддуну фарҳанги ғаниву бостонӣ ҳастанд.
Таърихи тоҷикон низ саҳифаҳои сангину хунин дошт, истисмору тохтутозҳои қавмҳои ваҳшиеро аз сар гузаронд, вале халқи мо аз по науфтод, худро ҳифз кард. Ҳамаи ин дар асарҳои фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонҳои миллати тоҷик аллома Бобоҷон Ғафуров ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳои раднопазир оварда шудаанд.
Имрӯз ҷаҳон босуръат тағйир меёбад. Ба арзишҳои умумибашарӣ, принсипҳои фундаменталии мавҷудияти инсон паи ҳам садама зада мешавад. Бо роҳи аз байн бурдани арзишҳои маънавӣ фарҳангу ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, ҳисси масъулиятпазирӣ ноаён аз зеҳну қалбҳо зудуда мешаванд. Тавре Пешвои миллат иброз медоранд, «Аввал забон, баъд фарҳангу либоси миллӣ ва пасон миллат ба умқи фаромӯшии таърих меафтад». Чунин ашхос як ҷисми беруҳу беҳувият мешаванд, ки осон аз ҷониби манфиатдорони бозиҳои геосиёсии ҷаҳонӣ идора мегарданд. Онҳо на ватан доранду на миллат, балки асолатбохтаанд.
Ҳувияти миллии мо аз дарки шинохти таъриху фарҳанги хеш ва мансубият додани ҳар фарди ҷомеа ба ҳамин меҳану халқ оғоз мегардад, ки Парчам аз рамзҳои аёнии мансубият аст. Ҳувияти миллии мо дар рангҳои ливоямон таҷаллӣ меёбад. Парчаме, ки дар набардҳо алвонҷ мехӯрад, руймолу остини озодаи модари меҳрубонро мемонад, ки танҳо назорааш ба кас руҳу равони тоза мебахшад ва аз диданаш қалбҳо ором мегирад, зери партаву алвонҷи Парчами давлатӣ манзараи файзу баракати замини падарон, хонаи пурмеҳри модарон ва нангу номуси ватандорон падидор мегардад.
Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
