Истифодаи қонунии барқ кадом аст?
Мусоҳиба бо муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад оид ба муқаррароти нави қонунгузорӣ барои пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар семинар -машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки 19 майи соли равон дар ноҳияи Данғара доир гардид, аз ҷумла, дастур доданд, ки «Агентии назорати давлатии энергетикӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати «Барқи Тоҷик», шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ ва дигар ширкатҳои соҳа, роҳбарону масъулони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа моҳияти муқаррароти нави қонунгузориро вобаста ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ба ҳар як оилаи кишвар ба таври васеъ ва мушаххас фаҳмонанд»...
- Бале, дастури мазкур ниҳоят муҳим, саривақтӣ ва шаҳодати муҳимияти бесобиқаи масъалаи мавриди назар аст. Илова бар ин, Пешвои миллат таъкид карданд: «Ягон роҳбари давлат бадбахтии миллати худро намехоҳад. Ман дар зарфи роҳбарии худ даҳҳо қонуни авфро имзо кардам ва гуноҳи зиёда аз 160 ҳазор нафарро бахшидам. Ин қонунро барои он имзо кардам, ки тартибот шавад, мардум дар фасли зимистон азият накашанд». Ҳамчунин, таъкид гардид, ки нархи имрӯзаи давлат барои истифодаи неруи барқ муайянкарда арзонтарин дар ҷаҳон аст. Ин шарҳи мухтасари Роҳбари давлат ҳикмату рамзи хос дошта, дар ин замина, моҳияти қонун мушаххас ва содаву омиёна бозгӯӣ шуд.
- Бегуфтугӯ, ҳадафи асосии Роҳбари мамлакат оид ба мушаххас фаҳмонидани моҳияти муқаррароти нави қонунгузорӣ огоҳии бештари аҳолӣ ва пешгирии содиршавии ҷинояти марбут ба ин масъала аст. Бигӯед, ки барои сода ва оммафаҳм ба аҳолӣ расондани ин муқаррарот чӣ бояд гуфт?
- Дар ин раванд, аз истифодаи мафҳумҳои илмию соҳавӣ, ки на барои ҳама фаҳмо мебошанд, то андозае худдорӣ намуда, ба мардум мухтасар бояд гӯем, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми марти соли 2025 дода шуд, аз ҷониби Вазорати адлия таҳия гардидааст. Дар ин замина, ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 2531 илова гардид, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пешбинӣ кардааст.
Кӯшиш намоем, то ҳамватанонамон огоҳ бошанд, ки моддаи нави иловашуда аз се қисм иборат буда, мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол татбиқ мешавад.
Таъкид намудан лозим аст, ки тибқи қисми 2 моддаи мазкур ҳамин кирдор агар ба миқдори калон аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Дар асоси қисми 3 моддаи мазкур кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешаванд.
Ба шаҳрвандон ёдрас кардан даркор аст, ки миқдори калон ва миқдори махсусан калон дар эзоҳи моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ шарҳ дода шуда, мутобиқи он таҳти мафҳуми ба миқдори калон дар моддаҳои боби 26 андозаи арзиши молу мулке дар назар дошта шудааст, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо як ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ба миқдори махсусан калон арзиши молу мулке фаҳмида мешавад, ки аз андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ду ҳазор маротиба зиёдтар мебошад. Ҳамзамон, дар ҳолати аз тарафи шахс содир намудани ҷинояти дар моддаи мазкур (ба истиснои қисми 3) пешбинишуда агар гунаҳгор то баровардани ҳукми суд зарари моддиро пурра ҷуброн намояд, нисбат ба ӯ ҷазои ҷарима ва ё дигар ҷазои бо маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабудаи дар санксияҳои моддаҳои номбурда пешбинигардида таъин карда мешавад. Дар ин робита, ба моддаи 49 кодекси мазкур тағйири дахлдор ворид гардид.
Ба шарофати таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси моддаи 382 барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷаримаи маъмурӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ мешавад.
- Яке аз роҳҳои таъсирбахш шудани фаҳмондадиҳӣ мисол овардан ва муқоисаи таҷрибаи дигар давлатҳо мебошад. Аз ин лиҳоз, барои ҳамватанон муҳим ва ҷолиб аст, ки қонунгузории дигар давлатҳо дар ин бобат чӣ муқаррарот доранд?
- Дар Ӯзбекистон истифодаи ғайриқонунии энергия тибқи Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ӯзбекистон танзим мешавад. Тибқи моддаи 169 Кодекси ҷиноятӣ дуздии киловатти зиёди неруи барқ ҷиноят муқаррар шуда, барои он то 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (тақрибан 90 миллион сӯм) ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Махсусият дар он зоҳир мегардад, ки қонунгузор истифодаи ғайриқонунии барқ, хоса барои барориши криптовалютаро ҷинояти алоҳида муқаррар намуда, ашхоси муҷрим то 7 сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд гашт. Моддаи 101 Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла вайрон кардани ҳисобкунакҳо, аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, 3-6 миллион сӯм ҷарима ё 15 рӯз ҳабсро пешбинӣ кардааст. Қобили зикр аст, ки дар Ӯзбекистон чунин қонунвайронкунӣ дар музофот бештар аст.
Дар Қазоқистон моддаи 188 Кодекси ҷиноятӣ масъалаи мазкурро дар бар гирифта, ҷарима то 3,7 миллион тенга, корҳои ҷамъиятӣ то 800 соат ё маҳрумият аз озодӣ то 3 сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Дар сурати зарари калон (зиёда аз 7,4 миллион тенга) ашхоси гунаҳкор 7 сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд шуд. Қонунгузории маъмурӣ барои шахсоне, ки ба ин амал даст задаанд аз, 185000-740000 тенга ҷарима муқаррар кардааст. Далелҳо ҳокианд, ки солҳои охир дар ин кишвар истифодаи ғайриқонунии барқ барои барориши криптовалюта тамоюли афзоиш касб кардааст.
- Дар кишварҳои абарқудрат ва мамлакатҳои Аврупо ин намуди қонунвайронкунӣ чӣ гуна ҷавобгарӣ дорад?
- Таҳлили қонунгузории кишварҳои Осиё ва Аврупо собит намуд, ки истифодаи ғайриқонунии энергия дар аксар давлатҳо ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар шуда, аз ҷарима то маҳрумият аз озодӣ ҷазо дорад. Умумияти асосӣ дар он аст, ки барои зарари калон ё амалҳои муташаккилона ҷавобгарии ҷиноятӣ ва барои ҳуқуқвайронкунии нисбатан ҷузъӣ ҷазои маъмурӣ, аз ҷумла ҷарима ба маблағи аз 10000 то 50000 юан, пешбинӣ шудаанд. Фарқият дар маблағи ҷаримаҳо, муҳлати ҷазо ва сатҳи назорати технологӣ ба мушоҳида мерасад.
Барои мисол, дар Чин моддаи 264 Кодекси ҷиноятӣ барои дуздии энергия дар ҳаҷми калон маҳрумият аз озодӣ то 7 сол ё ҷаримаи бениҳоят калон муқаррар намудааст. Дар ин кишвар низ истифодаи ғайриқонунии барқ барои барориши криптовалюта ташвишовар буда, тадбирандешӣ вобаста ба ин ҳолат, ки аз соли 2021 оғоз гардид, боиси баста шудани бисёр марказҳои крипто-майнинг гардид.
Дар Россия истифодаи ғайриқонунии неруи барқ тавассути Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танзим мешавад. Тибқи муқаррароти моддаи 165 Кодекси ҷиноятӣ дар сурати расонидани зарари нисбатан калон шахси гунаҳкор аз 1 миллион то 4 миллион рубл ҷарима мешавад. Инчунин, имкон аст, ки ҷазо дар намуди ҷарима то 300000 рубл, корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол ё маҳрумият аз озодӣ то 5 сол таъин гардад. Моддаи 158 кодекси мазкур ба дуздии мустақиму киловатти зиёди неруи барқ рабт дорад, ки ҳафт сол маҳрум намудан аз озодиро пешбинӣ кардааст. Ба ғайр аз ин, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ин кишвар барои пайвастани худсарона ба шабакаҳо ҷарима аз 10000 то 15000 рубл барои шаҳрвандон, аз 30000 то 80000 рубл барои мансабдорон ва аз 100000 то 200000 рубл барои шахсони ҳуқуқиро муқаррар намудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар Россия аксар парвандаҳо ба истифодаи магнитҳо ё тағйири нишондоди ҳисобкунакҳо марбутанд.
Дар Олмон ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи барқ аз 500 то 5000 евро ҷарима дорад. Илова бар ин, мувофиқи Кодекси ҷиноятии ин кишвар истифодаи ғайриқонунии энергия дуздӣ арзёбӣ шуда, дар сурати калон будани маблағи зарар, то ҳафт сол маҳрум гардидан аз озодӣ ҷазо таъин хоҳад гашт. Шоистаи зикр аст, ки чунин парвандаҳо дар амалияи судии ин мамлакат бениҳоят каманд, зеро фарҳанги мардум баланд буда, низоми муосири баҳисобгирӣ ва назорати қатъӣ имкони дуздии неруи барқро қариб аз байн бурдааст.
- Бо назардошти ин гуфтаҳо, барои коҳиш додани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба истифодаи неруи барқ дар кишвар чӣ пешниҳод доред?
- Дар навбати аввал, пурзӯртар намудани баҳисобгирӣ зарур ва ногузир мебошад. Истифодаи технологияҳои муосир, ба монанди ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ, метавонад ба таври назаррас сатҳи ҳуқуқвайронкуниҳоро коҳиш диҳад. Масалан, дар Гурҷистон пас аз ислоҳоти соҳаи энергетика дар солҳои 2000-ум истифодаи ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ дар саросари кишвар васеъ ҷорӣ шуд. Ин иқдом боиси коҳиши талафоти барқ аз 30% то 10% гардид. Ҳисобкунакҳо ба низоми марказонидашудаи идоракунӣ пайваст буда, ба ширкати тақсимоти барқ имкон дод маълумотро таҳлил карда, ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии энергияро муайян созад. Дар Чин низ технологияҳои пешрафта, ба монанди сенсорҳои IoT, барои ошкор кардани дуздии барқ густурда истифода мешавад.
Ҷанбаи дигаре, ки таваҷҷуҳ ба он бояд хоса бошад, иттилоотонии ҷомеа аст. Масалан, дар Ҳиндустон дар доираи барномаи «Ujjwal Bharat» (Ҳиндустони равшан), маъракаҳои густурдаи иттилоотӣ барои огоҳсозии мардум дар бораи аҳамияти пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи барқ ва оқибатҳои дуздии он гузаронида шуданд. Дар натиҷа, пардохти маблағи истифодаи неруи барқ ба таври назаррас афзуда, дуздии он коҳиш ёфт. Мисоли дигар, дар Олмон барномаҳои таълимӣ барои пешгирии чунин қонунвайронкунӣ мавриди амал қарор доранд.
Самти дигари афзалиятнок ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ бояд бошад. Ҷалби сармояи хориҷӣ барои такмили инфрасохтори энергетикӣ талафоти энергия ва ҳуқуқвайронкуниҳоро коҳиш медиҳад. Масалан, дар Албания бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барномаи навсозии инфрасохтори энергетикӣ амалӣ гардид. Меҳвари ин иқдом иваз кардани хатҳои куҳнаи интиқоли барқ, насби трансформаторҳои муосир ва ҷорӣ намудани низоми пешрафтаи назорат буд. Дар натиҷа, талафоти техникии энергия аз 25% то 12% коҳиш ёфта, истифодаи ғайриқонунии неруи барқ кам гардид.
Дар маҷмуъ, мубориза бо истифодаи ғайриқонунии энергия на танҳо масъалаи ҳуқуқӣ, балки иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст, ки ҳамкории давлат, ҷомеа ва созмонҳои байналмилалиро тақозо дорад.
- Барои суҳбат ташаккур.
Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
