https://sadoimardum.tj

Вақте ки Пешво меоянд,…

№:140 (5036) 26 ноя 2025, 20:52
0

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради воло ва матонату садоқати бепоён миллатро аз вартаи низоъ ба сулҳу субот расонданд, пояҳои давлатдории навини тоҷиконро гузоштанд ва Тоҷикистони ҷавонро ба роҳи рушду тараққӣ раҳнамун сохтанд.

Ин абармард бо сиёсати мардумпарварона, диди стратегӣ ва меҳри беандоза ба ҳар гӯшаи Ватан, тавонистанд заминаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро устувор созанд. Ба ҳар шаҳру навоҳии кишвар сафар намоянд, он ҷо ҳатман зебоии дигар касб мекунад. Бо қудуми пурфайзи Пешвои миллат вайронаҳо обод мешаванд, орзуҳо амалӣ мегарданд, аҳолӣ дастгирӣ меёбад, ҷойҳои корӣ пайдо мешаванд. Агарчӣ ин раванд­ро бо пайравӣ аз сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат дар шаҳру маҳалҳо аҳолӣ мунтазам пайгирӣ менамоянд, вале бо қудуми файзрези Президенти кишвар он ба худ муҳтаво ва маънии тоза касб мекунад. Ҳамин аст, ки дар ҳар минтақаи кишвар омадани Пешвои миллатро мардум бесаброна интизорӣ мекашад. Аз ҷумла, водии Зарафшон аз қудуми пурфайзи Пешвои миллат ҳоло ба гӯшаи ободу зебои Тоҷикис­тон табдил ёфтааст.

ГӮШАИ ЗЕБО ВА ШОИСТАИ ЗИНДАГӢ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ водии Зарафшон бо иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат ба як минтақаи босуръат рушдёбанда табдил ёфт. Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ садҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гардид.

Зимни сафари кории Пешвои миллат ба водӣ мактабҳои замонавӣ, дармонгоҳҳо, марказҳои хизматрасонӣ, биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва роҳҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.

Роҳи байналмилалии Айнӣ-Панҷакент-Саразм-сарҳади Ӯзбекистон, корхонаҳои саноатии истихроҷу коркарди маъданҳои водӣ, хати баландшиддати барқии Айнӣ-Панҷакент, ки бо ташаббуси Пешвои миллат бунёд шуданд, имрӯз водии Зарафшонро ба минтақаи рушдкардаи Тоҷикистон табдил додаанд.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Ободии ҳар гӯшаи Тоҷикистон ободии тамоми Ватан аст. Мо бояд ҳар шаҳру ноҳияи кишварро ба макони зебо ва шоистаи зиндагии шаҳрвандонамон табдил диҳем».

ГАВҲАРИ ФАРҲАНГИ ҶАҲОНӢ

Яке аз марказҳои муҳими таърихии водии Зарафшон Саразм мебошад, ки дар муаррифии тамаддуни тоҷикон саҳми шоиста дорад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин макони бостонӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва бо ибтикори эшон корҳои бозсозӣ, муҳандисӣ ва ҳифзи ин мероси таърихӣ оғоз ёфт.

Бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат соли 2010 Саразм ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид. Ин иқдом на танҳо номи Саразм, балки ифтихори тамоми миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо дастури Пешвои миллат панҷ мавзеи ҳафриёт болопӯш ва ҳудуди он панҷарабандӣ шуда, дар доираи таҷлили 5500-солагии бостоншаҳри Саразм осорхона, меҳмонхона, намунаи манзилҳои зисти қадима, роҳравҳо, дарвозаи муҳташам, растаҳои ҳунармандӣ ва фурӯши армуғон бунёд ва дар ҳамин ҷо бо иштироки Пешвои миллат конфронси байналмилалии илмӣ баргузор шуд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо Саразм макони ҷалби ҳазорон сайёҳи дохилию хориҷӣ буда, ба рушди туризми таърихӣ ва илмӣ мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки эҳтиром ба гузашта ва бузургон пояи худшиносии миллӣ аст. Маҳз ба ҳамин хотир, бозсозии мақбараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ, бо роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат анҷом ёфт.

Сарвари давлат борҳо аз ин макони муқаддас дидан намуда, барои эҳёи ҳунару меъмории миллӣ, ободонии атроф ва ташкил намудани инфрасохтори муосир дастур доданд. Имрӯз оромгоҳи устод Рӯдакӣ на танҳо як макони зиёрат, балки рамзи ифтихори миллии тоҷикон ва маркази муҳими туризми фарҳангӣ мебошад.

Ҳамасола садҳо меҳмон аз кишварҳои гуногун ба Панҷрӯд меоянд, то бузургвореро зиёрат намоянд, ки решаи шеъру маънавияти тоҷикро дар ҷаҳон сабзондааст.

БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти мардумие ҳастанд, ки дар ҳар сафар бо сокинон аз наздик мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон мешаванд ва барои беҳбудии зиндагӣ роҳнамоӣ мекунанд.

Ҳангоми боздид аз ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ Пешвои миллат шахсан аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва чорводорӣ дидан намуда, барои рушди боғдорӣ, нигоҳдории замин, васеъ намудани обёрӣ ва дастгирии соҳибкорон супоришҳои мушаххас доданд.

Мардуми меҳнатқарину фарҳанг­дӯсти водии Зарафшон Пешвои миллатро бо самимият ва муҳаббати хоса истиқбол мегиранд. Онҳо хуб медонанд, ки тамоми дастовардҳои имрӯза - сулҳ, амният, ободӣ ва пешрафт натиҷаи заҳмату бедорхобиҳои Сарвари давлат аст.

Вақте аз водии Зарафшон дидан мекунем, симои як минтақаи муосир ва зебо пеши назар меояд: роҳҳои ҳамвор, боғҳои сабз, мактабҳои нав, марказҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихие, ки дубора ҷило ёфтаанд.

Имрӯз дар водӣ даҳҳо корхонаҳои хурду миёна фаъоланд, садҳо гектар боғҳои нав бунёд ёфта, ҳазорҳо нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Ҳамин аст, ки сокинони водӣ бо меҳру садоқат ба Пешвои миллат, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамеша пайравони ҳақиқии сиёсати Ҷаноби Олӣ буданд. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Панҷакент иброз доштанд, ки «Дар ҷараёни сафарҳои кории худ ба водии Зарафшон ва умуман, вилояти Суғд, ҳамеша эҳсос мекунам, ки мардуми шарафманди ин диёр сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро самимона пуштибонӣ карда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи неъмати бузурги истиқлолу озодӣ аҳлона заҳмат мекашанд».

Воқеан, месазад, ки мо имрӯзҳо ҷоннисориҳои Президенти маҳбуби кишварро баҳри ободу зебогардонии ҳар порча хоки Ватан қадр созем, аз худ самимияту садоқати бемарз нишон диҳему дар ҳама ҳолат дар бари Пешвои миллат бошем. Кору пайкори ҳамарӯзаи Сарвари давлат ин садоқату самимиятро дар дили мардуми тоҷик зиёд месозад. Тоҷикистон, маҳз, бо шарофати ин марди нек ба рӯзи беҳ расид.

Ҷамшед САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: