https://sadoimardum.tj

Қиблагоҳи маънавӣ

№:140 (5036) 26 ноя 2025, 20:54
0

Баъзан зиндагӣ инсонро чунон имтиҳон мекунад, ки дар як лаҳзаи ҳассос ноумеду руҳшикаста мегардад ва гӯё зиндагӣ дигар маънои аслии ­худро аз даст медиҳад. Вале азияткашида азиятдидаро беҳтар мефаҳмад ва дарду ранҷи дигаронро ҳамчун ғами хеш эҳсос мекунад. Дар ҷаҳони имрӯз на ҳар кас чунин фазилат дорад. Аз ҳазорон, шояд, як нафарро дучор оем, ки на танҳо дар фикри хеш, балки дар фикри бақои миллату давлат бошад.

Мутаассифона, руҳияи худпарастӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзудааст. Бисёриҳо танҳо манфиати шахсии худро мебинанд ва дар баробари ранҷу ниёзи дигарон бетарафанд. Барои онҳо муҳаббат танҳо нисбат ба худ арзиш дорад. Бо чунин афрод қариб ҳамарӯза рӯ ба рӯ мешавем. Нигарем ба аҳволи халқҳои дигар - ҳатто дар кишварҳои пешрафта мардум худро қурбонии беадолатӣ, низоъҳои сиёсӣ ва косташавии фарҳанг мешуморанд. Онҳо барои ҷустани зиндагии ором ба кишварҳои дигар кӯч мебанданд, зеро медонанд, ки беа­долатии баъзе роҳбарон рӯз то рӯз ҷаҳонро ба но­оромӣ мекашад. Аммо мо - тоҷикон ҳеҷ гоҳ ин гуна набудему нестем, зеро миллате ҳастем, ки дар оғӯши худ шахсиятҳои барҷаставу нодир дорад - инсонҳое, ки пеш аз ҳама, ба нафъи дигарон меандешанд. Онҳо дар рӯ ба рӯйи сахтиҳои тақдир таслим намешаванд, давлатро аз нав месозанд, миллати парокандаро сарҷамъ мекунанд ва бо ҳар амали башардӯстона ҷаҳониёнро ба ҳайрат меоранд.

Имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо номи Роҳбари фарзонаи давлат - Пешвои муаззами миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон шинохта, ҳамчун ташаббускори ҳақиқии масоили глобалӣ мешуморанд. Сарвари давлат на танҳо барои ҳалли мушкилоти халқи Тоҷикистон, балки барои осоиши тамоми башарият талош меварзанд.

Барои мо – тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мазҳари сидқу вафо, рамзи ҷовидонаи Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ҳомию такягоҳ ва пушту паноҳи миллатанд. Ин абармард на танҳо раҳбар, балки роҳнамо ва қиблагоҳи маънавии тамоми халқи тоҷик мебошанд. Дар ҳар лаҳзаи ҳассос бо диди меҳру раҳм ба ниёзмандон менигаранд. Насиҳатҳои падаронаашон - «Руҳафтода шудан даркор нест. Зиндагӣ худ мубориза аст!» - ба дилҳо неру мебахшад, руҳҳоро қавӣ месозад ва умеди зиндагиро меафзояд.

Дар ҷаҳон роҳбарон зиёданд, аммо кам касонро метавон ёфт, ки дар лаҳзаҳои мусибат, фалокат ё офатҳои табиӣ то охирин лаҳза паҳлуи мардум бошанд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки тоҷикро бо тоҷик рӯ ба рӯ кард, чӣ андоза фоҷиаҳо овард. Пас аз он барқарор кардани сулҳи пойдор ва таъмин намудани оромии кишвар чӣ қадар заҳмату фидокориро тақозо дошт.

Ба қавли бузургон, «Шунидан кай бувад монанди дидан». Шояд барои насли ҷавон он ҳама фидокориҳо афсонаро монад. Хушбахтона, онҳо дар даврони оромию осоиш ба воя мерасанд, вале, бояд донанд, ки ин ҳама ободию шукуфоии кишвари азизамон натиҷаи заҳмати хастанопазири Роҳбари оқили давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст!

Машҳур ИМОМНАЗАР, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: