https://sadoimardum.tj

Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

№:101(4997), 01 сен 2025, 16:46
0

Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1  то 10 сентябри соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар менамоянд.

Давоми даҳ рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон мулоқот намуда, роҷеъ ба дастовардҳои корӣ, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, баргузории интихоботи соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, суханронӣ менамоянд. Вакилон бо интихобкунандагон, инчунин, доир ба вазъи сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат суҳбат хоҳанд кард.

Вакилони мардумӣ дар ҳар як нишаст дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ, ҳамзамон, ба саволу дархости интихобкунандагон посух мегӯянд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: