Вориси Сино

№:59 (4955) 14 май 2025, 09:00
5

Гар ба пирӣ бирасам, бо ҳама ин хотираҳо,

Ёди ту дар кафи ман ҳамчу асо хоҳад монд.

Солҳои душвору пурмашаққати баъдиҷангӣ ҳамеша мардони қавииродаю поктинат, шуҷоъ ва боғурур меофарад. Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ Тоҷикистон фарзандони зиёди худро аз даст дод, ин талафот вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳолати руҳию равонии мардумро боз ҳам сангинтар намуда буд. Ҷомеа ба табибоне ниёз дошт, то захмҳои ҷисмию равонии халқро даво бахшанд. Қаҳрамони мо Шариф Нуров дар ҳамин айём дармонбахши мардум шуд. 

Номбурда соли 1948 дар деҳаи Гумбулоқ (ҳоло Меҳробод)-и ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Ҳанӯз аз айёми хурдсолӣ бо дониши хубу ахлоқи ҳамида миёни ҳамдеҳагон маҳбуб буд. Ҳамеша кӯшиш мекард дар боварии мардум ва дар хизмати халқ бошад. Аз айёми мактабхонӣ фанҳои табиатшиносиро бо шавқу ҳаваси зиёд аз худ намуда, орзуи табиб шуданро дар дил мепарварид. 

Шариф Нуров мактаби миёнаро соли 1965 бомуваффақият хатм намуд. Аз миёни 100 нафар ҳамсинфони худ танҳо ӯ ба Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ҳоло Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино) шомил гардид.

Фанҳои таълимӣ ва нозукиҳои илми ­тибро бо завқи баланд аз худ менамуд. Дарки маънӣ ва завқи баландашро мушоҳида намуда, баъди курси шашум докторони илми тиб, профессорон В.И. Зайт­сева ва Л.Т. Вишневская ӯро дар кафедраи тарбодшиносии шаҳраки табибони назди донишгоҳ ба кори илми тарбодшиносӣ ҷалб намуданӣ шуданд, аммо ба сабаби бемории модар пешниҳоди онҳоро рад кард.

Баъди хатми донишгоҳ соли 1972 ӯро барои таҷрибаомӯзӣ ба ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) равон карданд. Ҳини таҷрибаомӯзӣ аз мутахассисони варзидаи давр В. Деҳқонбоев ва мудири дармонгоҳи марказӣ С. Ҷӯраев таҷриба гирифт ва дар дармонгоҳи мазкур ба ҳайси табиби муолиҷавӣ ба кор даромад.

Соли 1973 ба беморхонаи минтақавии Меҳробод - зодгоҳи азизаш, ҷое, ки дар он ба воя расидаю ҳамчун инсони шариф ном бароварда буду мардуми он аз Шариф умедҳои зиёд доштанд, чун табиби боистеъдод ба кор омад. Ҳама ҳамдиёронаш аз омадани ӯ масрур буданд. Дар пиронсолӣ дуои хайри модари пирашро гирифта, соли 1974 барои донишомӯзӣ ба Донишгоҳи баъдидипломии табибони шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳайси ташкилотчии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ барои такмили ихтисос ва дониш равона шуд. Баъди баланд бардоштани сатҳи ихтисос ва донишу малака ӯро ба беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод ҳамчун табиби муолиҷавӣ фиристоданд. Муддати як сол дар беморхонаи марказӣ фаъолият намуда, соли 1975 сартабиби беморхонаи минтақавии Меҳрободи ноҳияи Файзобод таъин гашт.

Солҳои роҳбариаш бунгоҳҳои тиббии деҳоти Якабед, Устошамс, Шерамон, Бӯстон ва Чилчашмаро низ назорат мекард. Аз соли 1988 то соли 2012 ҳам дар беморхонаи марказии ноҳия ва ҳам дар беморхонаи минтақавии Меҳробод фаъолият кардааст. Тавассути хизмати софдилонааш хурду калони ноҳия ӯро мешиносанд ва эҳтиромашро ба ҷо меоранд.

Дар Донишгоҳи баъдидипломии табибони шаҳри Душанбе ҳамчун тарбодшинос ду маротиба аз 3 то 6 моҳ таҳсил намуда, савияи дониш ва маҳорати тиббии худро боло бурдааст.

Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистонро касе фаромӯш карда наметавонад. Рӯзона табибони бемориҳои сироятӣ беморонро табобат мекарданд, шабона аз тарси ҷон навбатдорӣ карда наметавонистанд. Қаҳрамони мо бо ҳамшираҳои шафқат дар баробари навбатдории шабонарӯзӣ рӯзҳои истироҳат низ дар беморхона ба кор машғул буданд. Шариф Нуров баъди нисфирӯзӣ ба аёдати беморони вазнин ва ҳолатҳои садамавӣ мерафт. Баъзан танҳо, ҳатто бо асп ё пиёда ба деҳаҳои дурдасти кӯҳии минтақа барои расондани ёрии таъҷилӣ рафта, ба навзодону беморон ёрӣ мерасонд.

Ҳамаи ин сарсупурдагиҳо ва дилбастагиҳо ба касби пуршарафи табибӣ буд, ки 48 соли бетанаффус ҳамчун табиби муолиҷавӣ дар хидмати халқ сарф намуда, чун табиби мардумӣ машҳур гардид.

Муддати кориаш чор маротиба вакили маҳаллии шурои ҷамоати деҳоти Меҳробод ва солҳои 2000-2005 вакили халқии ноҳияи Файзобод интихоб гардидааст. Дар давраи вакилияш бо ташаббуси ӯ хати оби нӯшокӣ аз поёни кӯҳи Мазор ба 10 деҳаи деҳоти Меҳробод оварда шуд.

Барои фаъолияти бенуқсонаш дар соҳаи тиб бо чандин сипосномаю ифтихорномаҳо қадр шудааст.

Қаҳрамони мо бо мамнуният иброз медорад, ки баландтарин қадрдонӣ барои ман гирифтани нишони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» аз дасти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва соҳиб шудан ба унвони ифтихории «Табиби мардумии Меҳробод» аст.

«Табиби мардумии Меҳробод», марди нексиришту дардошно, вориси ҳақиқии Сино, роҳбари оқилу ғамхор - Шариф Нуров ба синни мубораки 76 расида бошад ҳам, ҳамоно дар хидмати халқ аст.

Тоҷиддин ҒУЛОМОВ,

мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: