https://sadoimardum.tj

4 сентябр - Рӯзи китоб

Муҳимтарин ихтирои башар

№:103 (4999), 05 сен 2025, 17:27
2

Муҳаммади Ҳиҷозӣ, мутафаккири бузурги Шарқ, фармудааст: «Муҳимтарин ихтирои башар китоб аст. Тамоми молу мулк, бозёфте, ки ба даст меояд, нестшаванда аст, аммо китобҳо барои инсонҳо ҳамеша муфиданд». 

Воқеан, китоб чун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони миллӣ ва омӯзиши таъриху тамаддуни он пайваста мавриди истифода қарор мегирад. Тоҷикон, ки аслан маърифатпешаанд, маҳз бо сухангӯёни бузурги ҷаҳонӣ ва асарҳои мондагори онҳо маълуму машҳуранд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».

Дар замони давлатдории Сомониён китобдорӣ аз ҷумлаи касбҳои ифтихорӣ ва баобрӯ маҳсуб меёфт. Китобдор ба қатори вазифаҳои пурмасъулият шомил гардида, дар пешбурди корҳои давлатдорӣ саҳмгузор буд. Мардуми мо тӯли таърихи гузашта чандин балоҳоро аз сар гузаронд, ки ба ҳувияти миллӣ бетаъсир набуд. Ғосибону ғоратгарон борҳо мулки инсонҳои соҳибилму бозаковат ва сулҳпешаро мавриди ҳамла қарор дода, олимону мутафаккиронро ба қатл расонданд, хазинаи ғании маънавии тоҷикон, аз ҷумла китобҳои зиёдро ба коми оташ партофтанд. Дар натиҷа, як муддати тӯлонӣ аҳамияти китобу китобдорӣ коста гардида, китобу китобхонӣ аз мадди назар дур монд. Дар замони шуравӣ ҳам ба рушди ин соҳа, бахусус дар ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Миёна, кам таваҷҷуҳ зоҳир мегардид.

Хушбахтона, бо фаро расидани соҳибис­тиқлолӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи китобу китобдорӣ босуръат рушд ёфт. Тавре яке аз олимони соҳаи китобшиносӣ, номзади илмҳои педагогӣ дотсент Сафар Шосаидов мегӯяд: «Афкори китобдории тоҷик дар фазои озоди истиқлолият бо қадамҳои устувор, баҳри пайвастан ба низоми муосири андешаҳои илмӣ ва пайдо кардани манзалати ҷаҳонӣ роҳ мепаймояд. Таҳлили осори илмии китобхонашиносии тоҷик собит менамояд, ки имрӯз таҳқиқи афкори куҳанбунёди китобдории тоҷик дар робитаи зич бо дастовардҳои замони истиқлол ва равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир ҷараён дорад». 

Солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби аҳли ҷомеа ба китобхонӣ ва беҳдошти фаъолияти китобхонаҳои мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла, қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъо­лияти китобдорӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» ба рушду нумуи соҳа таккони ҷиддӣ бахшид.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда мешавад, ки мақсади он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолӣ мебошад.

Дар ин раванд сохта ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави Китобхонаи миллӣ барои ба марҳилаи нави рушд ворид шудани китобхонаҳои мамлакат шароитҳои мусоид фароҳам оварда, имкон дод, ки дар радифи такмили фонди китобхонаҳо бо адабиёти ниёзи хониш ва ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, ба масъалаи ҷалби ҷомеа ба китобу китобхонӣ ва донишандӯзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад. Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин китобхона дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе қомат афрохт ва ин қасри бошукӯҳ соли 2012 мавриди истифода қарор гирифт. 

4 сентябри соли 2007 дар маросими гузош­тани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки минбаъд ҳар сол ин рӯз ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил карда шавад. Аз рӯи лоиҳа, бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои 10 миллион нусха китоб тарҳрезӣ шудааст. Бино бо воситаҳои замонавии муҳандисии ҳамлу нақл, таъмини обу барқ, таҷҳизотҳои гармидиҳӣ ва ғайраҳо муҷаҳҳаз гардидааст. Китобхона дорои 25 толори хониш бо 1500 ҷойи нишаст, 9 маҷлисгоҳу толорҳо барои баргузории конфронсу ҳамоишҳо бо 1200 ҷойи нишаст, 3 толори намоиши китобҳо, 1 толори театрӣ бо 100 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои кушоду барҳавои корӣ мебошад.

- Рӯзи китоб ҳамчун иди касбии олимону адибон, ноширону ходимони матбуот ва тамоми китобдорону китобдӯстон мебошад. Ҳадаф аз баргузории Рӯзи китоб ҳарчӣ беҳтару бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба хонишу донишандӯзӣ ва баланд бардоштани фарҳанги иттилооти онҳо мебошад, - мегӯяд яке аз олимони сермаҳсули соҳаи китобдорию китобшиносӣ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода. 

Дар доираи таҷлили Рӯзи китоб чорабиниҳои оммавӣ ва озмунҳо, аз қабили «Китоби беҳтарини сол», «Хонандаи фаъоли китобхона», «Китобдори беҳтарин» баргузор мегарданд, ки ҳадафи асосии онҳо тарғиби ҳамаҷонибаи адабиёти гуногунмазмун, муаррифии китобҳои тозанашр ва ба ин васила, тақвият бахшидан ба раванди худшиносию худогоҳии мардум ва ҳифзу гиромидошти дастовардҳои истиқлоли миллӣ мебошад. 

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: