Рисолати таърихӣ
Ё НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Истиқлоли давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ё худ доштани давлати худсолор арзиши бузургу бебаҳо ва шарти асосии бақои ҳар халқу миллат дар саҳнаи мавҷудият ба ҳисоб меравад. Бе доштани ин арзиши муқаддас рушди воқеии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии миллат номумкин аст.
Таърих дар давраҳои гуногун шоҳиди муборизаҳои ҳазорон қавму халқиятҳо барои ба даст овардани истиқлолу соҳибихтиёрӣ шудааст, ки дар ин миён миллати тоҷик низ истисно нест. Пас аз заволи давлати қудратманди Сомониён ва ҳокимиятро соҳиб гардидани кӯчманчиёну аҷнабиён дар сарзамини аҷдодии миллати тоҷик халқ дар талоши мустақилият ва ихтиёрдорӣ мубориза бурд ва ин ормонро то охирҳои асри XX аз насл ба насл интиқол дод. Соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки 9 сентябри соли 1991 эълон гардид, ин орзуву ормони деринаи халқро амалӣ намуд ва имкон фароҳам овард, то давлатдории миллӣ эҳё гардад ва мардуми кишвар соҳиби тақдири хеш шаванд.
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон бо ифтихору шукргузорӣ 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд. Дар тӯли ин солҳо давлат ва ҷомеа роҳи пуршебу фарози таърихиро паси сар намуд, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои Истиқлоли давлатиро устувор кард, заминаҳои рушди босуботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард.
Роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва ҳатто марҳилаи аввали соҳиб гардидан ба ин неъмат барои миллати тоҷик осон набуд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ гардида, дар ин айём соҳибихтиёрии кишвар ва Истиқлоли давлатӣ зери суол рафт ва хатари пош хӯрдани давлати навтаъсис ба миён омад.
Маҳз дар ҳамин марҳалаҳои ҳассосу барои миллат ва давлат сарнавиштсоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихӣ ба ҷо оварданд. Замоне ки дар кишвар касе ҷуръати ба даст гирифтани қудрати сиёсиро надошт, ин абармарди таърих ва шахсияти шоиста ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, ҷони хешро ба гарав гузошт ва роҳбарии давлату роҳнамоии халқро ба уҳдаи хеш гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради воло ва азми қатъӣ миллатро аз вартаи нобудӣ берун оварда, пояҳои давлатдориро устувор намуданд ва Истиқлоли миллиро таҳким бахшиданд.
Пас аз Роҳбари давлат интихоб шудан дар соли 1992, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии нахустини худ дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ таъкид карданд, ки «Ман ба халқи худ сулҳ меорам...». Ин ваъда минбаъд на танҳо шиори сиёсӣ, балки барномаи аслии фаъолият ва самти роҳбарию давлатдории ӯ гардид.
Пас аз ин ваъдаи хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайгирона роҳи ҳақиқат, сулҳ, дӯстӣ ва расидан ба ваҳдати миллиро пеш гирифтанд ва ин ҳадафро марҳила ба марҳила амалӣ намуданд.
Дар ин давра бахтномаи миллат - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994) ба таври раъйпурсии умумимиллӣ қабул гардид, ки пояҳои ҳуқуқии Истиқлол ва сохтори давлатдории демократиро устувортар кард. Дар таҳияи ин санади олии ҳуқуқӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми бориз доштанд ва ин санад заминаи қонуният ва устувории низоми ҳуқуқиро дар кишвар ҳамаҷониба вусъат бахшид.
Пас аз талошҳои пайваста ва музокироти тӯлонӣ, билохира 27 июни соли 1997 ҳуҷҷати дигари сарнавиштсоз - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин рӯйдод на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошт, балки заминаи устувори сиёсиро барои рушди давлат ва таҳкими истиқлол фароҳам овард.
Бояд гуфт, ки Истиқлоли давлатӣ бе рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ комил намешавад. Аз оғози солҳои 2000-ум Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар ислоҳоти амиқи иқтисодиро роҳандозӣ карданд. Дар ин асос, барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтор қабул, роҳандозӣ ва амалӣ шуданд.
Пояи ҳеҷ давлатеро бе рушди маориф, маънавиёт, фарҳанг ва илм устувор нигоҳ дошта намешавад. Биноан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин соҳаҳоро дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор доданд. Ҳамин буд, ки бо бунёди мактабҳо, донишгоҳҳо, марказҳои илмӣ, фарҳангӣ, китобхона, осорхона, муассисаҳои тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум пояҳои Истиқлоли давлатӣ устувор гардид.
Худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба хотираи таърихии миллат яке аз шартҳои асосии ҳифзи ваҳдат ва соҳибихтиёрии кишвар аст. Миллате, ки ба гузаштагонаш арҷ мегузорад ва панди онҳоро сармашқи кораш мекунад, дар ҳама арсаҳои ҳаёт муваффақ мегардад. Бо ин мақсад яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ бахшида шуд. Эҳёи ҳунару анъана ва ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон ва мақоми расмӣ додан ба ин арзишҳои нодири фарҳангӣ хидмати бузургу беназири ин шахсияти таърихсоз мебошад. Ин иқдомҳо на танҳо арзишҳои фарҳангиро эҳё намуданд, балки ҳисси ифтихори миллӣ ва ваҳдати маънавиро дар кишвар тақвият бахшиданд. Дар ин баробар, ба таърихи давлатдории тоҷикон низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Ҷашнҳои 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва 3000-солагии Ҳисор намунаи равшани арҷгузорӣ ба мероси таърихии миллат ва ҳувияти миллӣ буданд, ки ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтироми гузаштагонро густариш доданд.
Дар арсаи байналмилалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифтанд, ки ба устувории сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат намуд. Тоҷикистон бо ташаббусҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, обрӯю эътибори ҷаҳонӣ пайдо кард. Пешниҳодҳои Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пазироӣ қарор гирифта, тавассути қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд, ки ин ташаббусҳо мавқеи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуданд.
Метавон гуфт, ки таҳкиму тақвият ёфтани Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик натиҷаи ҷонбозиҳою талошҳои шахсияти таърихсоз - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин замина кишвар аз вартаи ҷангу нобудшавӣ наҷот ва ба кишвари рӯ ба рушд табдил ёфт.
Раҳмон Исломиддин Хайриддин,
директори Агентии «Тоҷикстандарт»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





