Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон
Дар доираи вохӯрию мулоқотҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон, ки аз 1-ум то 10-уми сентябри соли равон идома дорад, суҳбати рӯ ба рӯи вакилони Маҷлиси намояндагон Ориф Амирзода, Ҷамила Мӯсоҷонзода ва Нуралӣ Ниёзов бо сокинони маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир шуд.
Зимни вохӯрӣ вакилон оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон ва бедор сохтани ҳисси масъулиятшиносию хештаншиносӣ, пос доштани Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дигари муҳим ибрози андеша намуданд.
Интихобкунандагон дар навбати хеш, ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта дархосту пешниҳодҳои худро ба вакилони Маҷлиси намояндагон иброз намуда, ба саволу пешниҳодҳояшон посух гирифтанд.
***
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳматулло Раҳмонзода зимни вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода ва Фирӯз Ҳақназарзода бо донишҷӯёну омӯзгорон оид ба дастовардҳои 34 соли соҳибистиқлолии мамлакат, инчунин, дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз он гирифтани ду-се ҳосил, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, садоқат ба халқу Ватан ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ибрози андеша карданд.
***
Вакилони Маҷлиси намояндагон Дилноза Аҳмадзода ва Ғулом Ҳалимзода ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони беморхонаи клиникии рақами 1 ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд оид ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, масъалаҳои марбут ба баргузории интихоботи соли 2025 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, қонунҳои қабулнамудаи мақоми олии қонунбарори мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ ва дигар самтҳои муҳими тараққиёти кишвар суҳбат намуда, ба саволу пешниҳодҳои интихобкунандагон посух гуфтанд.
***
Вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Ҳисор №7 Сурайё Дӯстмуродзода дар доираи вохӯрӣ бо интихобкунандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 13 ва 51-и деҳоти Дурбади шаҳри Ҳисор оид ба муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо хонандагон суҳбат орост.
- Барои донишомӯзии насли наврасу ҷавон бо иқдоми маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мактабҳо тамоми шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Танҳо хонандагонро зарур аст, ки аз имконоти муҳайёшуда ба таври шоиста истифода намоянд, - иброз намуд вакил.
Бо мақсади ҳавасманд намудани хонандагон ба илмомӯзӣ вакили мардумӣ ба хонандагони синфҳои якум ва дуюми ин муассисаҳо маводи таълимӣ туҳфа намуд.
М. СУЛТОНОВ,
И. РАҶАБАЛӢ,
Н. ТУРСУНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





