https://sadoimardum.tj

Ояти шукронаи Ватан

№:103 (4999), 05 сен 2025, 17:46
0

Истиқлолият бузургтарин неъмат барои инсонҳо мебошад. Он  мисли офтоб аст, ки имрӯз ва фардои моро дурахшон мекунад ва дили моро ба зиндагӣ гарм месозад. Чун моҳтоб дар шабони тор роҳи моро равшан менамояд ба мо умед мебахшад. Миллатро  аз қувваҳои аҳриманӣ эмин медорад, бо шарофати он фардо диёру фарзандонамон дар амон хоҳанд буд.

Истиқлолият мурғи ҳумо, боли парвоз ва неруи имрӯзу фардои  тоҷикон аст. Вақте саҳфаҳои таърихро варақгардон мекунем, мебинем, ки миллати  куҳанбунёди тоҷик аз дасти Искандари Мақдунӣ, аъробиён ва халқҳои саҳрогарду бодиянишин ранҷҳои бешумор дидааст. Ин миллат дар тӯли таърих давлати бузурги худро пора-пора дида бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ аз мубориза  барои истиқлол даст накашидааст. Воқеан, таърих ба миллати тоҷик ҷабри зиёде кардааст. Барои он ки ин миллатро аз байн бубаранд, осори хаттиашро нест карданд, фарзандони донишмандашро бераҳмона ба қатл расонданд, давлату қудраташро гирифтанд, вале руҳи хастанопазирашро шикаста натавонистанд. 34 сол муқаддам, 9-уми сентябри соли 1991,  вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. 

Шукӯҳи давлате шуд зинда аз дигар,

Фари хуршедиаш дар ханда аз дигар.

34 сол мешавад  марди далеру қавиирода, ки миллати тоҷик тӯли таърих интизораш буд, ба Ватани тоҷикон - Тоҷикистони азиз фараҳу шодӣ, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ваҳдату осоиш овардааст. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол падидор гашт ва ҳамчун давлати комилҳуқуқ ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.

Истиқлол рамзи олии Ватану ватандорӣ ва шиносномаи байналмилалӣ барои миллати тоҷик гашт.

Ба Истиқлоли меҳан саҷда орам,

Намозамро ба даргоҳаш гузорам.

Бихонам ояти шукронааш беш,

Ки ҳаст он ҳадяи Парвардигорам.

Яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо мадади Худо ва бо шарофати ин марди наҷиб дар кишвар ҷанги таҳмилӣ хотима ёфт, гурезаҳои иҷборӣ аз Афғонистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя ба Ватан баргардонда шуданд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул, дар кишвар ҳокимияти конститутсионӣ ва фазои оромӣ барқарор шуд. Имрӯз Тоҷикистон ва Сарвари сулҳофару ваҳдатофари моро дар саросари дунё мешиносанд. Ҳоло Тоҷикистони рӯ ба тараққии мо миёни кишварҳои дунё мақоми шоиста дорад. 

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб гуфтааст: «Сарвари давлат чеҳраи Ватан аст. Ин чеҳра дар мураккабтарин лаҳзаҳои таърихӣ - мураккабиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ, ғоявӣ, мавҷи пуршиддати ғоясозиҳои ҳадафмандонаи абарқудратҳо собит карда тавонист, ки ӯ чеҳраи наҷотбахш барои миллату Ватан аст»:

Зи ту бикшода шуд бахти Ватан, Эмомалӣ Раҳмон,

Нишон шуд аз Каён тахти Ватан, Эмомалӣ Раҳмон.

Тамоми тоҷиконро Тоҷикистон тоҷ дод аз меҳр,

Ватан шуд дар ҷаҳон ғулғулфикан, Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Истиқлоли давлатӣ аз ҷумла, чунин гуфтаанд: «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад».

Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии хеш – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар гомҳои устувор гузошт, расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон эҳё гардид. Забони тоҷикӣ, ки «нишони бақои халқу миллат аст», ин муддат мақоми давлатӣ пайдо кард. Чеҳраҳои мондагор ва фарзандони барӯманди миллат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ шоиста муаррифӣ шуданд. Симои пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе, ки муаррифгари маданияти баланду обрӯи тоҷикон аст, ба куллӣ тағйир ёфт. Дар саросари кишвар ободкорӣ, созандагӣ, сохтмони нақбу пулҳо, роҳҳои бузурги мошингарду роҳҳои оҳан ва садҳо иншооти дигари наву замонавӣ сохта шуда, дар хизмати мардум қарор гирифтанд. Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои бақои миллати тоҷик ва ояндаи дурахшони тоҷикон, балки ба зиндагии босаодати башар нигаронида шуда, аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ низ ҳамеша дастгирӣ меёбанд, ки ин ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар ҷаҳон баланд бардош­тааст. Сарвари кишвари мо аз аввалин ташаббускорони сиёсати об дар ҷаҳон мебошанд. Тӯли даврони соҳибистиқололӣ панҷ ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мушкилоти об ва масоили вобаста ба он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Эълон шудани соли 2003 соли «Оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об-барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», Даҳсолаи амал «Об-барои рушди устувор» (солҳои 2018-2028), соли 2025  «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо аз ташаббусҳои беназири Сарвари кишвар аст, ки ҷомеаи ҷаҳониро такон дод. Имрӯз аксари сокинони сайёра аз набудани оби тозаи ошомиданӣ ранҷ мекашанд. Бар асари гармии глобалӣ бошад, ҳамасола дар ҷаҳон пиряхҳои зиёд аз байн мераванд ва ин меъёри муътадилии иқлими Заминро зери хатар гузоштааст, ки ба зиндагии босаодати ояндаи башарият хатар дорад. 

Тавре Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанию ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд». 

Дар маҷмуъ, Истиқлоли давлатӣ бахти бузурге барои миллати тоҷик аст, ки  барои пойдор нигоҳ доштани ин саодат мо - кулли тоҷикистониён бояд аз як гиребон сар барорем, заҳмату талош намоем.

Фирӯз ҲАҚНАЗАРЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: