https://sadoimardum.tj

Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

№:105 (5001), 10 сен 2025, 18:09
0

Дар доираи мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар вохӯрии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва вакили Маҷлиси намояндагон Зафар Ализода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Зимни суҳбат Шермуҳаммад Шоҳиён оид ба сазовор истиқбол намудани Ҷашни Истиқлоли давлатӣ, таҳким бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамчунин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ализода оид ба рушди бесобиқаи кишвар дар зарфи 34 соли Истиқлоли давлатӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо ҳозирин суҳбат намуд. 

Интихобкунандагон оид ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, ба саволу дархостҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.

* * *

Мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Саодатшо Матробиён бо интихобкунандагон дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Роштқалъа, Мурғоб, Ишкошим ва Шуғнон баргузор гардид. 

Вакилони Маҷлиси намояндагон зимни суҳбат бо намояндагони касбу кори гуногун роҷеъ ба Паём ва санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат қабул ва ҷонибдорӣ кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлоли давлатӣ ва даст­овардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии Ватан, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ маълумоти мукаммал манзур намуданд. 

 Дар интиҳои мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳои сершумори интихобкунандагон посух гуфтанд. 

* * *

Вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Ашурзода дар ҷамоати деҳоти Чуст, Истиқлол, Боғистон, Сабо, Шаҳринав, Мирзо Турсунзода, Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Қаратоғ, Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ва деҳоти ба номи Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор зимни мулоқот бо сокинон нахуст дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалие, ки аз ҷониби мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат қабул ва ҷонибдорӣ шудаанд, маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин, доир ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Дар мулоқот, ҳамчунин, таъкид шуд, ки дар асоси ҳидояту дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор корҳои созандагӣ бомаром идома дошта, сокинон ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва ободу пешрафта гардонидани мамлакатро вазифаи аввалиндараҷаи хеш медонанд.

* * *

Вакили Маҷлиси намояндагон Муҳаммадулло Шерализода зимни суҳбат бо собиқадорон, фаъолону интихобкунандагони ҷамоати деҳоти Варзобқалъа, Садриддин Айнӣ, Лучоб ва Чорбоғи ноҳияи Варзоб иброз намуд, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар ҳамчун яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои муҳим ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ баҳри эъмори ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши калидӣ дорад. 

- Ташаббусҳои қонунгузории вакилон баҳри ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии давлат - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат, инчунин, ба таҳкими минбаъдаи иқтидори давлат ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум равона шудааст, - иброз намуд вакил.

* * *

Вакили Маҷлиси намояндагон Нас­рулло Маҳмудзода ҳангоми суҳбат бо интихобкунандагон дар деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом ба масъалаҳои баланд бардош­тани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарбияи дурусти фарзандон, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносию ватандӯстӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ягонагии ҷомеа вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Ҳамзамон, ӯ зарурати риояи қонунҳои миллии мамлакат - «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»-ро таъкид карда, ба саволу пешниҳодҳои интихобкунандагон посухҳои қаноатбахш дод. 

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ,

М. СУЛТОНОВ,

Н. ТУРСУНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: