https://sadoimardum.tj

Тантанаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Маҷлиси намояндагон

№:105 (5001), 10 сен 2025, 18:17
0

Панҷуми сентябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир шуд. Роҳи тайнамудаи миллати тоҷик барои расидан ба Истиқлоли давлатӣ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу таҳкими  истиқлолият, барқарорсозии сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои замони истиқлол аз мавзуъҳои меҳварии ҳамоиш буданд.

Чорабиниро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода оғоз намуда, Истиқлоли давлатиро барои миллати тоҷик дастоварди бузургу неъмати бебаҳо арзёбӣ кард. Аз ҷумла гуфт, ки истиқлолият шиносномаи давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Ба шарофати он Тоҷикистон низоми давлатдорӣ ва сиёсати дохилию хориҷии хешро мустақилона муайян менамояд.

- Маҳз таҳти роҳбариву роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуд. Муҳимтар аз ҳама, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам омад, - иброз намуд Файзалӣ Идизода.

Зикр гашт, ки дар ин марҳилаи таърихӣ рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон - Конститутсия, Нишону Парчам ва Суруди Миллӣ интихоб ва қабул гаштанд, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат ба танзим дароварда шуд, парламенти касбӣ таъсис ва дипломатияи парламентӣ густариш ёфт. 

Дар ҳамоиш, ҳамчунин, раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустам Шоҳмурод, муовини раиси Кумита оид ба мас­ъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сарвиноз Маҷидзода, вакили Маҷлиси намояндагон Шаҳбози Аброр, сардори шуъбаи ташкилии раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кор Бегназар Абубакрзода суханронӣ намуданд. 

Дар фарҷоми ҳамоиш ба ифтихори Ҷашни фархундаи 34-солагии Истиқлоли давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде аз кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Ба ин муносибат, инчунин, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде аз кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро бо ифтихорнома қадр намуд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: