Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон
Дар доираи мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон вохӯрии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустам Шоҳмурод бо сокинони маҳаллаҳои Арбобхотун, Борбад ва Фурӯзони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир шуд.
Вакили мардумӣ Рустам Шоҳмурод зимни суҳбат бо интихобкунандагон перомуни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум, бахусус ҷавонон, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», тақвияти робитаи оила бо муассисаҳои таълимӣ, ҷалби занону духтарон ба донишандӯзиву ҳунаромӯзӣ, фаъолият намудани онҳо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз таъкид гардид.
Рустам Шоҳмурод дар баробари суҳбати самимӣ бо интихобкунандагон, ҳамзамон, ба саволу дархостҳои онҳо посух гуфт.
Дар ҷамоати деҳоти Даштиҷум ва Лангардараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода бо сокинон баргузор гардид.
Барно Саидвализода ҳангоми вохӯрӣ оид ба фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон, қарору қонунҳои қабулшуда, инчунин, дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва заминҳои наздиҳавлигӣ, захираи маводи хӯрока ва дигар масъалаҳо суҳбат намуда, ба пешниҳоду дархостҳои интихобкунандагон ҷавобҳои мушаххас дод.
Вакилони Маҷлиси намояндагон Аҳмад Маҳмудзода ва Фазлиддин Икромӣ ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар бораи саҳми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар пешрафти кишвар андешаронӣ карда, иброз доштанд, ки рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ин ҳизби мардумӣ таъмини рушди устувори Тоҷикистон мебошад.
Вакилон, ҳамчунин, дар хусуси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи фарҳанги миллӣ суҳбат намуданд.
- Имрӯз Тоҷикистон бо мамлакатҳои зиёди олам равобити зич дорад ва дар тавсеаву таҳкими ин раванд саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст, - афзуд Аҳмад Маҳмудзода.
Вакилон пас аз анҷоми вохӯрӣ ба маҳаллаи навбунёде омаданд, ки баъди заминларзаи даҳшатбор бо дастури Пешвои миллат дар ҳудуди деҳоти Лангари Шоҳ бунёд гардидааст. Ин маҳалла чанд рӯз пештар бо иштироки Пешвои миллат ба истифода дода шуд ва соҳибони манзилҳои нави замонавӣ ҳар соат шукронаи давлати соҳибистиқлолу Пешвои ғамхорро менамоянд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагони ҷамоатҳои деҳоти Рарз, Шамтуч, Фондарё, Анзоб ва шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, ҳадафҳои стратегии кишвар ва нақши таърихии Пешвои миллат маълумот дода, сокинонро ба саҳмгузорӣ дар татбиқи барномаҳои созанда даъват кард.
Вакили мардумӣ дар идома ба самтҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, татбиқи қонунҳо, истифодаи самараноки неруи барқ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани нақши занону ҷавонон ишора намуда, зарурати ҳамкории зичи мардум бо сохторҳои давлатиро таъкид кард.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон бо суолу пешниҳодҳои худ ба вакил муроҷиат намуда, масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодиро матраҳ карданд.
Дар ҷамоати шаҳраки Зарнисор ва деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон Мунаввар Абдусаломзода бо интихобкунандагон доир шуд.
Вакили мардумӣ иброз намуд, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти махсусияти иқтисодию иҷтимоӣ, ҳалли саривақтии масъалаҳо вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳо ва таъкиди афзалияти навин барои як давраи миёнамуҳлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мегардад. Паёми Пешвои миллатро метавон ба як қатор бахшҳои муҳиму асосӣ тақсимбандӣ намуд, ки ҳар яки онҳо барои рушди устувору таъмини зиндагии сазовори мардум, аз ҷумла таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, натиҷаҳои рушди иқтисодӣ, ислоҳоти низоми молиявии кишвар ва татбиқи дурнамои рушди устувори ҳама бахшҳои хоҷагии халқи кишвар аҳамияти муайянкунанда дорад.
- Мо набояд фаромӯш созем, ки давлатсозии миллии мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо шарофати заҳмати содиқонаю софдилонаи халқи азизамон натиҷаҳои назаррас дод, - таъкид намуд вакил.
И. РАҶАБАЛӢ,
Д. МИРЗО,
Ҷ. САБОҲИДДИН,
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





