Дар Шамсиддин Шоҳин 180 оила бо оби нӯшокӣ таъмин гардид
Дар арафаи Ҷашни 34-умин солгарди Истиқлол давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкори маҳаллӣ Сулаймон Шамсов дар деҳаи Носирободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хати нави оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд.
Дар ифтитоҳи он раиси ноҳия изҳор намуд, ки сокинони деҳаи мазкур солҳо боз аз оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Бо иқдоми инсондӯстонаи соҳибкори маҳаллӣ 180 оилаи деҳаи мазкур бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шуданд.
Раиси ноҳия Зафар Гулзода аз иқдоми неки соҳибкори маҳаллӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, сокинонро ба тақвияти корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободкорӣ даъват намуданд.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати кишвар бо таҳлили рушди иқтисоди миллӣ омода
Пешвои Наврӯз
Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои
АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар соли 2026 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
23-юми январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии
