Истиқлол иззату шарафи инсонии мост!
Истиқлолият орзуву ормонест, ки инсоният давоми қарнҳо барои расидан ба он талошу ҷонбозиҳои бемисл мекунад. Истиқлолият, яъне миллати бостонӣ, халқияти гуногуни як кишвар, забони нобу фарҳанги пурғановат, таърихи куҳану суннат ва анъанаи воло мебошад.
Истиқлол ормонест, ки барояш қаҳрамонони миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар фарзонафарзандони тоҷик ҷонбозиҳо намуда, рисолати аслии хешро баҳри ҳифзи Ватан ва ҳимояи манфиатҳои ҳамватанон мардонавор иҷро кардаанд. Истиқлоле, ки бо шарофати қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ормони миллӣ ба воқеият табдил ёфт.
Шоҳид будем, ки баъд аз пошхӯрии ИҶШС гарчанд истиқлолият эълон гардида буд, вале роҳбарони вақт аз уҳдаи ҳимоят ва таҳкими ин неъмати бузург набаромаданд. Хушбахтона, халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат аз ин имтиҳони сангини таърих гузашта, соҳибистиқлолии комилро соҳиб шуд.
Аз боби истиқлолу озодӣ ҳарф зада менависанду мисолҳои гуногуни таърихӣ оварда қисса мекунанд, вале баъзеҳо ба зарурат, моҳияти аслии он сарфаҳм намераванд ё қасдан ҷудоихоҳиро тарғиб менамоянд. Ин тоифа, ки аз воқеияти таърихӣ, корнамоии фарзандони фозилу қаҳрамони миллат баҳри ба даст овардани соҳибистиқлолӣ огоҳ нестанд, хушиқбол буда наметавонанд.
Аслан ҳар давлате, ки истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дорад, дар ҳама самтҳо муваффақ аст. Зеро дар дунёи муосир кишварҳои зиёде ҳастанд, ки гӯё мустақиланд, аммо ҳангоми ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ бе дахолати мамолики қудратмандтар қарор қабул карда наметавонанд. Роҳбарони чунин кишварҳо на дар заминаи баргузории интихоботи шаффоф, балки дар натиҷаи зӯран тағйир додани сохтори ҳокимият, тақаллубкорӣ дар раъю овоздиҳӣ ва таъини дилхоҳ шахсиятҳои «идорашаванда» ба маснад расидаанд. Чунин мисолҳо дар мамолики Ғарб, Ҷанубу Шарқ ва Ховари Миёна кам нестанд. Дар натиҷа, зимоми давлатдориро равияҳои аҷнабӣ, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба даст гирифта, боигарии маънавию моддӣ, дороиҳои зиёда аз ҳазорсола нобуд шуда, хурофотпарастӣ тавсеа ёфт.
Бинобар ин, агар хоҳем, ки Истиқлоли давлатии мо пойдор бошад, пас, ба қадри заҳматҳои фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд расид, баҳри ба камол расонидани кадрҳои баландихтисосу воқеан ватандӯст, дар руҳияи садоқат ба арзишҳои миллию давлатӣ тарбия ёфтани онҳо тадбир андешем.
Машҳур ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





