Ҳақиқати фаромӯшшуда
Ё порае аз рӯзгори Нусратулло Махсум
Нусратулло Махсум (Нусратулло Лутфуллоев). Соли таваллудаш 1881. Зодаи Ғарм. Соли 1920 сарбози Инқилоби Бухоро. Баъдтар раиси Комитети бо озуқа таъмин намудани Урдуи Сурх дар Ғарм. То соли 1923 намояндаи Комитети Иҷроияи Марказии Республикаи Халқии Бухоро дар Бухорои Шарқӣ. Солҳои 1923-1924 ҷонишини раиси Комитети револютсионӣ ва раиси Комитети иҷроияи Ғарм. Соли 1924 раиси Комитети револютсионии Тоҷикистон. Солҳои 1926-1929 раиси КИМ ҶМШС Тоҷикистон ва солҳои 1929-1933 раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон.
Тирамоҳи соли 1937. Нусратулло Махсумро ба паррондан ҳукм карданд. Ин рӯзи мудҳиш 31 октябр буд.
Аз он рӯзи наҳс 53 сол сипарӣ гашт. 53 сол як умри одамӣ. Имрӯз писари калонии ӯ академик Акбар Махсумов шастсола аст.
- Он вақт ман ҳафтсола будам, - маҳзунона мегӯяд мусоҳибам ва ба хаёл фурӯ меравад. Ҳарду хомӯш мондем. Пай бурдам, ки табассум аз чеҳраи он кӯдаки ҳафтсола як умр ҳамроҳи падараш ба Маскав рафтаву барнагашта. Дигар ба савол додан ҷуръат накардам. Вуҷудамро ҳисси ғайриодӣ фаро гирифт.
Манзараи тирамоҳи соли 1937 пеши назар омад. Ҳис кардам, ки мо ҳама назди он кӯдаки ҳафтсолаву ин марди рӯзгордида масъулияте дорем. Зеро Акбар Нусратуллоевич ҳам мисли ҳазорҳо одамон ба касофати мансабпарастону ҳасудони ҷомеаи тоталитарӣ аз навозишу меҳри гарми падарӣ як умр бенасиб гашта.
Гирдоби фалокат на танҳо ҳазорон тифлро бепарастор кард, балки бисёр орзуҳои некро низ ба гӯр бурд. Агар ҳамон вақт Нусратулло Махсум ва ӯ баринҳоро ба дами тир намекашиданд, шояд имрӯз зиндагиамон ранги дигар мегирифту аз маънавиёти коста шикоят намекардем.
Рӯзгори шоиставу ибратомӯзи Нусратулло Махсумро ҳамин гирдобу рӯзҳои наҳси солҳои сӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ супурд. Баробари сиёҳ кардани номаш дар таърих сафҳаҳои китоби рӯзгори ӯ низ ба коми оташ рафт. Санаду ҳуҷҷатҳои зиёде нест карда шуданд. Вале хотираи инсон таърихи зинда аст.
«...Аввали баҳори соли 1930 дар яке аз вохӯриҳо бо марзбонони Саричашмаи округи Кӯлоб будам, - менависад чекист Н. Садовников дар мактуби худ ба чекисти шоиста Яков Нальский.
- Худи Нусратулло Махсум садри маҷлис буд. Ҳангоми танаффус мо - марзбонони Фархор, Саричашма назди ӯ омада гуфтем, ки Иброҳимбек ва дигарон кӯшиши аз Афғонистон ба сарҳади мо ҳуҷум кардан доранд. Ӯ моро хуб гӯш карду гуфт: «Оре, тайёрӣ мебинанд. Ба омади ин шағолҳо омода бошед».
Пас аз се рӯз Нусратулло Махсум ва боз ду афсари шуъбаи махсус, ки коромӯз буданд, ба комендатураи марзбонони Саричашма омаданд. Гуфтанд, ки ба омадани Иброҳимбеки яроқнок мусаллаҳу омода бошем.
Маълум буд, ки ӯ аз тайёрии босмачиҳо дар Афғонистон хуб бохабар аст.
Ӯ ҳамроҳаш ду тоҷикро оварда буд, ки пинҳонӣ аз Мазори Шариф гурехта, ба Ватан баргашта буданд. Нусратулло Махсум гуфт, ки онҳо ӯро ҳанӯз аз давраи раиси ревком буданаш мешиносанд. Ва барои ҳамин ҳам назди ӯ омадаанд.
Дар Мазори Шариф яке ошпазу дигаре чойхоначии як бой будааст. Дар боби тайёрии босмачиҳо бисёр чизҳоро нақл карданд, ки мо умуман аз он бехабар будем.
Нусратулло Махсум тез-тез меҳмони мо - марзбонон мегардид. Ҷавононро ташвиқ мекард, ки баъди хизмат дар Тоҷикистон монанд. Ҳатто дар ин ҷойҳо курсҳои тракторчигӣ кушода буд. Вақти фориғ аз марзбонӣ бачаҳо дар курсҳо таҳсил мекарданд. Бо ҳамин роҳҳо ӯ сафи сарҳадбононро зиёд мекард ва ҳамеша таъкид менамуд, ки ба ҳуҷуми босмачиҳо омода бошем.
Ташвиқоти Нусратулло Махсум барабас нарафт. Бисёриҳо дар сарҳад монданд. Соли 1931 бо қувваи ҳамин отрядҳои ихтиёриён босмачиёни сарбардошта торумор шуданд...
...Ана, ман ба ту чиро навиштан мехостам. Хусусан, дар бораи Нусратулло Махсум. Бовар кун, ӯ коммунисти ҳақиқӣ, фарзанди содиқи Ватан буд. Тавре ман ёд дорам, худи ӯ шахсан яроқ ба даст гирифта муқобили босмачиён меҷангид...
...Агар касе дар бораи ӯ бадгӯӣ кунад, бовар накун. Нусратулло Махсум ҳамшаҳрӣ ё хеши ман нест, чӣ хеле дар Тоҷикистон мегӯянд. Лекин аз рӯзҳои нахустин медидам ва ҳис мекардам, ки ӯ зодаи инқилоб аст... Бо эҳтиром Николай».
Н. Садовников ба Я. Нальский, ки шоҳиди воқеии барқарор намудани ҳокимияти шуроҳо дар Тоҷикистон буд, ҳақиқати ҳолро навишта, хоҳиш мекунад, ки ин мактубро, албатта, ба фарзандони Нусратулло Махсум хонда диҳад, то онҳо донанд, ки чӣ падари муътабару ҷасур доштанд.
Ин ягона ҳуҷҷате нест, ки бегуноҳу интернатсионалисти ҳақиқӣ будани Нусратулло Махсумро собит кунад. Чунин санадҳо, ки дар махзани хотирот маҳфузанд, ниҳоят зиёданд.
Ӯ ҳамчун фарзанди содиқи миллат сафед карда шуд ва соли гузашта зодрӯзи хуҷастааш васеъ таҷлил гардид.
...Аз суҳбати кӯтоҳ бо писари калонии ӯ як ҷаҳон маънӣ бардоштам. На аз ёддошту хотираҳояш. Аз сукуту оҳи сардаш.
Як даста ҳуҷҷатҳоро пеши рӯям мегузорад:
- Инҳоро амонат медиҳам...
Онҳоро варақ мезадаму кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро, ки ба номи фарзандони барӯманди халқ, инқилобиёни фидокор гузошта шудаанд, хаёлан пеши назар меовардам. Кӯчаву хиёбонҳо ва номҳои зиёде... Вале кӯчаву пайкараи Нусратулло Махсум куҷо бошад?
3. ШОДӢ,
«Садои мардум», соли 1991
Ҳамчунин дигар маводҳо:
