https://sadoimardum.tj

Баррасии ҳамкориҳои парламентии Тоҷикистон бо САҲА

№:110 (5006) 22 сен 2025, 08:41
5

18-уми сентябри соли равон муовини  Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавсума Муинӣ дар доираи ташаб­буси «Ҷавондухтарон барои сулҳ: тавонмандсозии ҷавондухтарони Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Вена бо мудири маркази пешгирии низоъҳои котиботи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Кейт Фирон, муовини Президенти Ассамблеяи парламентии САҲА хонум Гудрун Куглар ва роҳбари гурӯҳи дӯстии байнипарламентии САҲА оид ба Австрия - Осиёи Марказӣ ва Муғулистон хонум Ҳенрике Брандштёттер  мулоқот намуд. 

Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки Тоҷикистон ба рушду таҳкими муносибатҳои дӯстона бо САҲА,  Ассамблеяи парламентии САҲА ва Ҷумҳурии Австрия, бахусус, ҳамкориҳои байнипарламентӣ, ки яке аз абзорҳои муҳими густариши робитаҳои дуҷониба ва тақвияти муколамаи созанда миёни кишварҳост, аҳамияти хоса медиҳад. 

Таъкид гардид, ки гурӯҳи миллӣ - парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати кумитаҳои Ассамблеяи парламентии САҲА иштироки доимӣ ва фаъоли худро таъмин менамояд. 

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ, ҳамкориҳои самарабахшро бо САҲА, Ассамблеяи парламентии САҲА, гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шурои миллии Парламенти Ҷумҳурии Австрия ва  минтақаи Аврупо густариш  медиҳад.

 Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: