https://sadoimardum.tj

Айнӣ базмгоҳи шеъри Гулназар шуд

№:111 (5007) 24 сен 2025, 16:16
0

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ якҷо бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи матни Суруди Миллӣ устод Гулназар Келдӣ таҳти унвони «Диёри арҷманди мо» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ доир намуданд. Конф­ронс, ки санаи 20-уми сентябри соли равон дар зодгоҳи устод - ноҳияи Айнӣ баргузор шуд, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аҳли илму адаб ва рӯзноманигорони шинохтаи кишварро ба ҳам овард.

Қабл аз оғози конфронс иштирокчиён нахуст аз маҷмааи таърихию фарҳангии «Нақибхон Туғрал», хона-музейи шоир, маҷмааи фарҳангии тозабунёди «Боғистон» дар деҳаи Сангистон дидан намуда, бо нишони эҳтиром назди муҷассамаи устод Гулназар Келдӣ, ки дар маркази ноҳия - канори шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бо китобҳои рамзии шоир ва тарҳи Суруди Миллии Тоҷикистон дар кӯҳпора тарроҳӣ шудааст, гул гузоштанд. Сипас, дар қасри тозабунёди фарҳанг, ки дар маркази ноҳия - паҳлуи муҷассамаи шоир қомат афрохтааст, конференсия оғоз шуд. Раиси ноҳия Равшан Раҳимзода зимни ифтитоҳ саҳми устод Гулназар Келдиро дар рушди адабиёти тоҷик, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ кард. 

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим иброз дошт, ки устод ба миллату давлат ҳамеша содиқ буданд ва дар ҳамаи самтҳо бисёр самимона ва натиҷабахш заҳмат кашидаанд.

 «Вазифаи адибро аз он иборат медонистанд, ки бояд барои созандагию бунёдкорӣ хидмат кунад. Устод ин вазифаро назди миллату давлат сарбаландона ба ҷо оварданд», - афзуд ӯ.

Таъкид гардид, ки бузургии Гулназар Келдӣ дар он зоҳир меёбад, ки баробари ҳамаи хидматҳои зикр­шуда шеъри Суруди Миллии Тоҷикистон - рози дили миллатро сурудааст. 

Ин шеърро ӯ дар шароите офарид, ки кишвар дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт, миллат пароканда буд, хоса муҳити адабӣ ва ҳеҷ кас ба ояндаи нек умед надошт. Дар чунин шароит шоир шеъре офарид, ки дар он нишоне аз яъсу ноумедӣ ва парокандагӣ нест. Ва ин нишони устуворӣ, дидгоҳи неки шоир ба фардои ин миллату давлат мебошад.

Баъд аз ҷамъбасти чорабинӣ барномаи консертӣ доир шуд. Сарояндагон аз эҷодиёти шоир шеъру сурудҳои ватандӯстона хонданд. 

Дар идома бо ҳузури иштирокчиён дар деҳаи Дар-дар хонаи фарҳангӣ ба номи Гулназар Келдӣ ба истифода дода шуд. Дар ин ҷо, ҳамчунин, маҳфили шеърии «Базми Гулназар» баргузор гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, ба хотири гиромидошти шоир аз аввали моҳи сентябр муассисаҳои таълимии ноҳияи Айнӣ силсилачорабиниҳои «Рӯзи шеъри Гулназар», намоиши осори ӯ, омӯзиши матни Суруди Миллӣ ба се забон ва озмунҳои фарҳангӣ доир карданд. Илова бар ин, аксияи иттилоотии «Зи ту саодати абад насиби мост!» барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Ҷ. САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: