https://sadoimardum.tj

Баррасии тавонмандсозии духтарон дар Вена

№:111 (5007) 24 сен 2025, 16:17
0

19-уми сентябри соли 2025 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар маросими хотимавии ташаббуси «Ҷавондухтарон барои сулҳ: тавонмандсозии ҷавондухтарони Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Венаи Австрия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. 

 Мавриди зикр аст, ки чорабинӣ  бо дастгирии сохторҳои марбутаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва шарикони байналмилалӣ амалӣ шуда, ба таҳкими имкониятҳои ҷавонон, бахусус духтарони минтақаи Осиёи Марказӣ, равона гардида, саҳми ҷавондухтаронро дар пешбурди сулҳ, муколамаи созанда ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварҳои худ  тақвият мебахшад.

Мавсума Муинӣ зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону духтарон ва имкониятҳои баробари амалигардонии ҳуқуқҳои онҳо дар даврони истиқлолият ёдовар шуда, нақши калидии ҷавондухтаронро дар таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори ҷомеа муҳим арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки парламенти Тоҷикис­тон омода аст минбаъд низ ташаб­бусҳои марбут ба таҳкими иштироки духтарон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ, таваҷҷуҳ ба масоили гендерӣ ва таъмини волоияти қонунро тавассути ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ намояд.

www.parlament.tj

Ҳамчунин дигар маводҳо: