Таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Женева
21-уми сентябри соли равон дар шаҳри Женева 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Женева, намояндагони бахши хусусӣ, матбуот ва ҳамватанони муқими Швейтсария иштирок намуданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба аҳамияти истиқлолият, ҳифзи арзишҳои он, дастовардҳои назарраси мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷалб намуда, саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид намуд.
Дар ҳамоиш китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъриху фарҳанги тоҷикон, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, зарфиятҳои сайёҳӣ ва гӯшаи дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлол муаррифӣ гардида, аксҳо, манзараҳои зебои мамлакат, намунаҳои санъати миллии тоҷик, аз ҷумла асбобҳои мусиқӣ, ба намоиш гузошта шуданд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





