Нахустин Форуми сармоягузории сайёҳӣ дар Душанбе
Рӯзҳои 16-18-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории форум мустаҳкам гардидани мавқеи мамлакат дар байни кишварҳои аъзо, ноил шудан ба ҳадафҳои «Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва татбиқи самараноки марҳилаи сеюми «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» арзёбӣ шуд.
Дар кори форум ҳамкории мутақобил ва табодули таҷрибаи назаррас байни давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчӣ бештари иқтидори сайёҳӣ баррасӣ гардид.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





