Намоишгоҳи вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Рӯзҳои 20-21-уми сентябри соли равон дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии вилояти Хатлон баргузор шуд.
Иқдоми мазкур дар доираи сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Қазоқистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он густариши муносибатҳои таърихӣ ва арзишҳои муштарак ба ҳисоб меравад.
Дар доираи ин тадбир, ҳамчунин, дар гӯшаҳои гуногуни намоишгоҳ барои сокинони шаҳри Алма-Ато молу маҳсулоти саноатии истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Бояд зикр кард, ки ин тадбири муҳим дар густариши равобити иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва пайдо намудани шарикони ҳамкор заминаи мусоид фароҳам оварда, дар афзоиши минбаъдаи гардиши савдои хориҷии ду мамлакат нақши муайян мегузорад.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





