https://sadoimardum.tj

Тақдими хонаҳои нав ба хизматчиёни давлатӣ дар Қубодиён

05 сен 2025, 11:07
0

Дар шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён барои хизматчиёни давлатӣ бинои истиқоматии баландошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти мазкур аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Парвиз» дар масоҳати 0,60 гектар бо харҷи 33 миллион сомонӣ сохта шуда, аз панҷ ошёна ва 45 ҳуҷраи барҳаво иборат мебошад.

Бино бо системаи гармидиҳии мутамарказ муҷаҳҳаз буда, дар ҳудуди он майдонча барои бозии кӯдакон ва таваққуфгоҳ барои нақлиёт низ сохта шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи бинои истиқоматӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуда, дар вазъияти тантанавӣ калиди хонаҳоро ба хизматчиёни давлатӣ тақдим намуданд.

Сарвазири мамлакат зимни суҳбат бо хизматчиёни давлатӣ иброз намуд, ки шарту шароити зисту зиндагонӣ ва имкониятҳои хизматчиёни давлатӣ ба таври ҳамешагӣ зери таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тадриҷан барои фаъолияти босамари онҳо шароиту имкониятҳои муосир фароҳам оварда мешавад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: