Вируси папилломаи одам
бар зидди он иммунизатсия оғоз мешавад
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми июли соли 2025, №408, «Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 то 31-уми октябри соли равон дар саросари кишвар чорабинии иммунизатсионии оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам байни духтарони 10 - 14-сола доир хоҳад шуд.
Ба гуфти муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, ҳадафи чорабинии мазкур таъмин намудани солимии духтарони наврас ва пешгирӣ намудани беморшавӣ ва фавт аз саратони гарданаки бачадон дар синни репродуктивӣ мебошад.
Саратони гарданаки бачадон яке аз бемориҳои низоми репродуктивии занона ба ҳисоб рафта, ба он инкишофи омоси бадсифат дар қисми гарданаки бачадон хос мебошад. Дар кишвари мо чанд даҳсола аст, ки гирифторшавӣ ба саратони гарданаки бачадон пас аз саратони ғадуди ширӣ дар ҷойи дуюм меистад. Таҳлилҳои самараноки иқтисодӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ собит намудаанд, ки гузаронидани иммунизатсия дар байни духтарони то синни наврасӣ барои пешгирии саратони гарданаки бачадон як мудохилаи аз ҷиҳати иқтисодӣ камхарҷу самаранок арзёбӣ мегардад.
- Бемории саратони гарданаки бачадон аз ҷиҳати паҳншавӣ миёни занон дар ҷаҳон ҷои чорумро ишғол мекунад. Аз ин рӯ, пешгирии саратони гарданаки бачадон тавассути васеъ кардани дастрасӣ ба ваксинаҳои муассир як қадами хеле муҳим барои коҳиш додани ҳолатҳои бемориҳои нолозим ва марг мебошад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ваксинаҳои зидди вируси папилломаи одамро ҳамчун як қисми ваксинаҳои ба нақша гирифташуда дар ҳама кишварҳо дар қатори дигар чораҳои пешгирӣ тавсия медиҳад, - иброз намуд коршиноси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Людмила Мосина.
- Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории саратони гарданаки бачадон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одамро ба тақвими миллии иммунизатсия аз соли 2016 ба нақша гирифта буд. Моҳҳои май ва июни соли 2025 ба ҷумҳурӣ 496 410 вояи ваксинаи «Гардасил» ворид шудааст. Тибқи нақша моҳи сентябри соли 2025 боз 24140 воя дастрас мешавад, - гуфт табиб-эпидемиологи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» Мародсилтон Назархудоева.
Ба гуфти ӯ, «Гардасил» ваксинаи чорвалента буда, барои пешгирии 4 намуди вируси папилломаи одам 6, 11, 16 ва 18 пешбинӣ шудааст. Намудҳои 6, 11, 16 ва 18-и вируси папилломаи одам сабабгори асосии осебҳои пешазсаратонии пӯст ва пардаҳои луобии қисмҳои гуногуни бадан, аз ҷумла гарданаки бачадон ва қисми аногениталӣ (қисми берунаи узвҳои ҷинсӣ) мебошад. Ваксинаи «Гардасил» дар синни аз 9 то 14-солагӣ тавсия дода мешавад, зеро маҳз дар ин синну сол гузаронидани иммунизатсия самаранокии баланд дошта, масунияти боз ҳам қавитари баданро таъмин мекунад. Он дар таркибаш консервант ва антибиотик надошта, ба талаботи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷавобгӯ мебошад.
Иммунизатсияи нақшавии вируси папилломаи одам, ки ҳамасола байни духтарони синни 10-сола бояд гузаронида шавад, ба намуди чорабинии иммунизатсияи оммавӣ дар як сол як ё ду маротиба, ҳам дар сатҳи муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ ва ҳам дар муассисаҳои таҳсилоти миёна баргузор мегардад. Гурӯҳи мақсаднок асосан дар мактабҳо бояд фаро гирифта шаванд.
Чорабинии иммунизатсияи оммавӣ аз 1 то 31-уми октябри соли 2025 баргузор гардида, ба он духтароне, ки аз 1-уми январи соли 2011 то 31-уми декабри соли 2014 таваллуд шудаанд, ҷалб мешаванд. Касоне, ки гирифтори бемориҳои шадиди сироятӣ ва соматикӣ ҳастанд ё ҳарорати баланди бадан (38 дараҷа) доранд, то беҳтар шудани вазъи саломатиашон муваққатан иммунизатсия карда намешаванд. Гурӯҳи мақсадноке, ки бо сабабҳои гуногун аз иммунизатсия бозмонда шуданд, пас аз бартарафкунии сабабҳои бозмонӣ, дар давраи иммунизатсияҳои тозакунанда (аз 3 то 8 ноябри соли 2025) бо ваксинаи зидди вируси папилломаи одам фаро гирифта мешавад.
- Касоне, ки ба вояи якуми ваксина анафилаксия ё ба ҳар як ҷузъи ваксина ҳассосияти баланд доранд, гирифтори гемофилия, тромбоситопения ва ё ҳама гуна вайроншавии системаи лахташавии хун мебошанд, бо назардошти он ки тазриқҳои дарунимушакӣ метавонанд хунравӣ ё гепатомаҳоро ба вуқӯъ оранд, инчунин, духтарони то 9-сола, бар зидди вируси папилломаи одам иммунизатсия намешаванд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Мародсилтон Назархудоева.
Тибқи нақша дар мамлакат 4037 нуқтаи иммунизатсионии муваққатӣ (дар муассисаҳои таҳсилоти миёна) фаъолият хоҳанд кард. Инчунин, 2934 нуқтаи иммунизатсионии доимӣ, ки марказҳои саломатии шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳотӣ, тибби оилавӣ, бунгоҳҳои саломатӣ ва амбулаторияҳои тибби оилавиро фаро мегиранд, ба иммунизатсия сафарбар мешаванд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





