https://sadoimardum.tj

Ифтитоҳи гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик дар шаҳри Новосибирск

№:112 (5008) 26 сен 2025, 23:30
1

20-уми сентябри соли равон бо ташаббуси консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидати Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар назди муассисаи консулӣ дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ гардид.

Гӯша бо зиёда аз 900 адад китобҳои тозанашр, аз ҷумла китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, осори адибони классику муосир, ба монанди «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ», «Гулистон»-у «Бӯстон» ва дигар китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таъмин шудааст.

Ба ин муносибат дар консулгарии генералӣ чорабинии Рӯзи забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷик баргузор шуд, ки дар он намояндагони соҳаи маориф ва илми минтақаи иқомат, роҳбарони диаспораи тоҷикон, донишҷӯён ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуданд.

Наҷмиддин Имомзода, консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск, оид ба арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат ба ҷавонон барои омӯзиши илму инноватсия, инчунин, пешгирӣ аз ҷалби онҳо ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ ва террористӣ ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба баҳрабардорӣ аз махзани адаби навифтитоҳшуда даъват намуд. 

Г. РАҲМОНОВА, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: